Пайвандҳои дастрасӣ

Димишқ ба Женева мераваду Ҳизбуллоҳ - ба ҷанги Сурия


Валид Муаллим

Валид Муаллим

Димишқ барои ширкат дар анҷумани моҳи ояндаи сулҳи Сурия дар Женева усулан розӣ шудааст.

Вазири хориҷаи Сурия Валид Муаллим омодагии кишвараш барои ширкат дар ин ҳамоиши байналмилалиро рӯзи 26 май дар пайи музокирот бо ҳамтои ироқиаш Ҳушёр Зиборӣ дар Бағдод изҳор дошт. Муаллим гуфт, анҷумани Женева “имкони хубе барои ҳалли буҳрони Сурия” хоҳад шуд.

Валид Муаллим бо як сафари эълонношуда вориди Бағдод шудааст ва ба гуфтаи мақомоти ироқӣ, интизор меравад, бо сарвазир Нурӣ Моликӣ низ мулоқот кунад.

Давлати Ироқ, ки аксаран зери назорати шиъаҳо қарор дорад, дар мазҳари омм аз давлати раисиҷумҳури Сурия Башор Асад, ки пайрави равияи алавии мазҳаби шиъа аст, ҳимоят намекунад. Вале давлатҳои ғарбӣ Бағдодро ба он айбдор мекунанд, ки монеъи аз ҳарими ҳавоияш убур кардани ҳавопаймоҳои Эрон, ки барои режими Асад аслиҳаву муҳимот мебаранд, намешавад. Дар ҳамин ҳол, Ироқ рӯзи шанбе дар марзҳои ғарбиаш бо Сурия амалиёти амниятиеро шурӯъ кард, ки мамониат ба чирикиҳои Сурия барои истифодаи он қаламрав дар набардҳо алайҳи давлати Башор Асадро ба ҳадаф дорад.

Омодагиҳо ба анҷумани Сурия дар Женева дар ҳолест, ки хатари ба як ҷанги минтақавӣ печидани низоъи мусаллаҳона дар ин кишвари арабӣ рӯзторӯз бештар мешавад. Бино ба хабарҳо, рӯзи якшанбе ду мушак дар як минтақаи таҳти назорати гурӯҳи Ҳизбуллоҳ дар Бейрут, пойтахти Лубнон таркид. Дастикам 4 нафар дар ин таркиш ҷароҳат бардоштаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки ҳамла дар ноҳияи Мар Михаэлро кӣ анҷом додааст.


Ҳасан Насруллоҳ

Ҳасан Насруллоҳ

Ин ҳамла ҳамагӣ як рӯз баъд аз эълони раҳбари Ҳизбуллоҳ Ҳасан Насруллоҳ буд, ки дар як паёми телевизионӣ гуфт, ин гурӯҳи ҷангии шиъаҳо, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад, аҳд кардааст, ки дар Сурия ба тарафдорӣ аз режими Башор Асад биҷангад: “Соҳиби ин маърака ва маъракаҳои қаблӣ моем , мардони ин майдон моем ва бо хости Худо, пирӯзӣ насиби мо хоҳад шуд.”

Ҳасан Насруллоҳ гуфт, Сурия ва Лубнон ба хатари исломгароёни тундрави суннӣ рӯбарӯ шудаанд. Ба бовари ӯ, ин бахше аз тарҳи Амрико ва муттаҳидинаш ба хотири қавитар сохтани рақиби Ҳизбуллоҳ – Исроил – аст.

Эътилофи миллӣ – ташаккули умдаи мухолифини Сурия ин изҳороти раҳбари Ҳизбуллоҳро ҳамчун “эълони ҷанг” маҳкум кард. Адиб Шишалкӣ – намояндаи ин эътилоф дар Истамбул - Эрон, як ёри наздики режими Сурияро айбдор кард, ки маҳз Ҷумҳурии исломӣ Ҳизбуллоҳро ба ин ҷанг ҳидоят мекунад. Ба ақидаи ӯ, изҳороти Насруллоҳ ҳокист, ки “режими Сурия фурӯ мепошад ва ба ҳар навъ кумак аз хориҷ ва дахолати дӯстонаш аз берун ниёз дорад.”

Ҷангиёни Ҳизбуллоҳ ба нирӯҳои давлатии Сурия дар роҳандозии ҳамлаҳо алайҳи чирикиҳо дар шаҳри марзии умдатан суннинишини Қусайр кумак мерасонанд. Нирӯҳои содиқ ба режими Асад, бино ба хабарҳо, рӯзи шанбе ба хотири тавсиъаи назорати худ бар ин шаҳр Қусайрро тӯпборон кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG