Пайвандҳои дастрасӣ

Дар давоми се рӯзи ахир Исроил ду дафъа хоки Сурияро мавриди ҳамла қарор додааст

Сурия Исроилро бо мушакборони пажӯҳишгоҳи низомӣ дар шаҳри Димашқ муттаҳам кард. Ин хабар баъд аз он нашр шуд, ки субҳи якшанбе пойтахти Сурияро таркишҳои нерӯманд такон доданд.

Дар бораи талафоти ҷониву молӣ то ҳол чизе нашр нашудааст. Агар ҳамлаи рӯзи якшанбе тасдиқ шавад, ин амалиёти дуюми Исроил бар зидди Сурия дар давоми се рӯзи ахир хоҳад буд.

Шореҳон ба дахолати бештари Исроил дар ҷанги шаҳрвандии Сурия ишора мекунанд. Телевизиони давлатии Сурия мегӯяд, ҳамлаи Исроил дар амал кӯшиши боло бурдани рӯҳияи гурӯҳҳои террористӣ мебошад, ки аз зарбаҳои артиши ҳукуматӣ парешону пароканда шудаанд.

Гурӯҳи нозири ҳуқуқи башари Сурия, ки аз мухолифини ҳукумат пуштибонӣ мекунад, иброз дошт, ки бар асари ҳамлаи исроилӣ пажӯҳишгоҳи низомии Ҷамрая ва анборҳои низомии назди он осеб дидаанд. Фаъолони ин гурӯҳ мегӯянд, пойгоҳҳои дигари низомии Сурия низ мавриди оташ қарор гирифта буданд. Фаъолон наворҳои видеои ҳамларо дар интернет ҷой додаанд. Пажӯҳишгоҳи Ҷамрая дар моҳи январ ҳам ҳадафи ҳамлаи Исроил қарор гирфта буд.

Рӯзи ҷумъа ҳавопаймоҳои исроилӣ як корвони низомии Сурияро, ки тибқи гузоришҳо озими Лубнон буд, тирборон карданд. Ба қавли мақомоти исроилӣ корвони низомӣ ба муттафиқи режими Башор ал-Асад-гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон, фиристода шуда буд.

Рӯзи шанбе президенти ИМА Барак Обама гуфт, Исроил ҳақ дорад, бар муқобили дастрасии гурӯҳи Ҳизбуллоҳ ба силоҳи пешқадам иқдом намояд.

Соли 2006-ум Исроил бо Ҳизбуллоҳ тӯли як моҳ ҷанг карда буд. СММ мегӯяд, дар давоми беш аз ду соле, ки низоъ дар Сурия идома дорад, камаш 70 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Ин низоъ аз гирдиҳамоиҳо бар зидди режими президенти Сурия шурӯъ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG