Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тундгароии мазҳабӣ ва ҳалокати се тоҷик дар ҷангҳои Сурия


Ҷангҳо дар Ҳалаб

Ҷангҳо дар Ҳалаб

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷангҳои Сурия 3 шаҳрванди тоҷик низ кушта шудаанд.

Ин хабар рӯзи 23 май дар ҳамоиши «Ҳуввияти миллӣ ва давлати дунявӣ: масоили фарҳанг ва маорифи динӣ» дар маркази мутолеъоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон садо дод. Дар ин ҳамоиш дар канори масоили дигар мавзӯъи амнияти миллӣ ва таҳсилоти динии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар баҳс шуд.

Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Эмом Меликов гуфт, дар ҷанги зидди нерӯҳои давлатии Сурия се шаҳрванди Тоҷикистон ва дар Афғонистону Покистон дар чанд соли охир 11 ҷавони тоҷик кушта шудаанд.




Ин дар ҳолест, ки, афзуд ӯ, авоили соли ҷорӣ 9 нафар аз ҳамсарони ҷавонони кушташуда ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Ба ақидаи ҷаноби Меликов, майли ҷавонони тоҷик ба тундгароӣ ва терроризм сабаби асосии бозгардони донишҷӯён аз мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷӣ шудааст. Ин мақоми амниятӣ дар нишасти махсуси масъалаи «Амнияти миллӣ ва таҳсилоти тундравии динии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар», ки дар чорчӯби ҳамоиши рӯзи 23 май доир шуд, гуфт, ки дар дохили кишвар шароити лозим барои омӯзишҳои динӣ фароҳам аст ва ниёзе барои рафтани ҷавонон ба мадрасаҳои хориҷӣ нест.

Ба таъкиди Эмом Меликов, бархе аз ҷавонон ба ин шароиту имкониятҳо нигоҳ накарда ва ба хориҷи кишвар мераванд ва агар аз ин тамоюл пешгирӣ намешуд, метавонист оқибатҳои ногувор дар пай биорад: «Чанд соли охир баъди даъватҳои сарвари давлат Кумитаи дин дар ҳамкориии зич бо мақомотҳои дахлдор барои баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои динии ғайрирасмии кишварҳои хориҷӣ як қатор чорабиниҳо гузарониданд ва зиёда аз 2000 нафар ба кишвар баргардонида шуданд. Имрӯз тахминан ҳазор нафари дигар дар муассисаҳои динии ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд.»

Ба андешаи Эмом Меликов, ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои динии ғайрирасмии кишварҳои хоричие таҳсил мекунанд, ки ин мактабҳо дар худи ҳамон кишварҳо маъруф ва шинохта нашудаанд. Ҷаноби Меликов меафзояд, ки «мутаассифона бархе аз намояндаҳои азҳоби сиёсӣ ва рӯҳониёни кишвар ноогоҳона талош кардаанд, ин масъаларо он гунае шарҳ диҳанд, ки гӯё мақомоти давлатӣ монеи таълими ҷавонон дар кишварҳои исломиянд.»

Нигаронии ин мақоми амниятӣ аз он буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба баҳонаи таҳсили динӣ дар хориҷи кишвар ба созмонҳои экстремистӣ ё ифротгаро ва террористӣ шомил мешаванд ва дар даргириҳои мусаллаҳона низ ширкат мекунанд

Вай дар ин робита гуфт, ки аксари толибилмони тоҷик имрӯз дар муассисаҳои динии ғайрирасмии шаҳрҳои Қуму Гургони Эрон, кишварҳои арабӣ, Карочии Покистон ва дар Афғонистон таҳсил мекунанд.

Аммо соҳибназарон сабаби майли ҷавонони тоҷик ба тундгароии мазҳабиро бештар дар беназмии таҳсили динии ҷавонон дар хориҷа мебинанд.

Шӯҳрат Саидов, унвонҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки маҳз набудани як механизми танзим дар ин самт боис гардидааст, ки чандин ҷавон ба гурӯҳҳои ғайрирасмии кишварҳои хориҷӣ шомил шуда ва қурбони бозиҳои ин гурӯҳҳо гарданд. «Механизме, ки давлат барои таҳсилоти динӣ ҷорӣ кардааст, бояд бисёртар заминасоз ва солим бошад. Он ҷавононе, ки барои таҳсил дар хориҷа имкони кам доранд, бояд дар дохил фаро гирифта шаванд. Аз ҷониби дигар, бояд суботи давлат мустаҳкам ва побарҷо бошад, то ҷавонон дар дохили кишвар таълим гирифта тавонанд»,- гуфт Шӯҳрат Саидов.

Баҳси гароиши ҷавонони тоҷик ба созмонҳои мухталифи мазҳабӣ ва динӣ ва ҳамчунин таҳсили онҳо дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои ғайрирасмии кишварҳои исломӣ дар ҳолест, ки се сол пеш ҳукумати Тоҷикистон барномаи бозпас овардани ин ҷавонон ба ватанро рӯи даст гирифт. Дар пай, ба иттилои мақомот, беш аз 2000 ҷавоне, ки дар мадориси давлатҳои исломӣ ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, бозпас оварда шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG