Пайвандҳои дастрасӣ

Миср тамоми равобиташ бо Сурияро қатъ кардааст


Муҳаммад Мурсӣ (Акс аз бойгонӣ)

Муҳаммад Мурсӣ (Акс аз бойгонӣ)

Раисиҷумҳури Миср эълон кард, ки тамоми равобити Миср бо давлати Сурияро қатъ кардааст.

Муҳаммад Мурсӣ, ҳамин тавр, аз қудратҳои ҷаҳонӣ даъват кард, ба хотири ҳимоят аз тарафдорони мухолифини Сурия ҳарими ҳавоии ин кишвари арабиро минтақаи барои парвозҳо мамнӯъ кунанд.

"Ҳизбуллоҳ бояд Сурияро тарк кунад!"

Муҳаммад Мурсӣ рӯзи шанбе дар суханрониаш дар як нишасти рӯҳониёни суннӣ дар Қоҳира аз ҷангиёни гурӯҳи ҷангии шиъаҳои Лубнон – Ҳизбуллоҳ, ки таҳти ҳимояти Эрон қарор доранд ва аз тарафи режими Сурия меҷанганд, низ хост, ки Сурияро тарк кунанд. Раисиҷумҳури Миср, ки аз сӯи гурӯҳи суннии Ихвонулмуслимин ҳимоят мешавад, гуфт: “Ҳизбуллоҳ бояд Сурияро тарк кунад. Ин ҳарфи ҷиддист. Дар Сурия ҷою маконе барои Ҳизбуллоҳ нест.”




Мурсӣ равшан кард, ки Миср сароҳатан аз мухолифини Сурия пуштибонӣ мекунад. Ӯ гуфт, сафорати Сурия дар Қоҳира баста шуда, кордори сафорати Мисрро ҳам аз Димишқ боз хоҳанд хонд: “Мардуми Сурия ба як маъракаи ҳамлаву поккории қавмӣ рӯбарӯ шудааст. Ин ҳамаро қудратҳои минтақавиву байналмилалӣ об медиҳанд, зеро дар фикри мардуми Сурия нестанд.”

Ин изҳороти раисиҷумҳури Миср ду рӯз баъд аз изҳороти Амрикост, ки рӯзи 13 июн гуфт, барои шурӯъи таъмини чирикиҳои Сурия бо силоҳ омода аст.
Ин эълон дар ҳолест, ки Амрико мегӯяд, шаҳовиди истифодаи давлати Сурия аз силоҳҳои кимиёвӣ алайҳи чирикиҳоро пайдо кардааст. Аммо Вошингтон имкони эълони минтақаи барои парвозҳо мамнӯъ дар ҳарими ҳавоии Сурияро истисно кардааст, чунки мегӯяд, ки ин кори хатарнок ва иҷрояш ҳам хеле пурхарҷ аст.




Чирикиҳои Сурия дар ин авохир ба дунболи ба нирӯҳои давлатӣ пайвастани ҷангиёни Ҳизбуллоҳ дар чандин ҷабҳа маҷбур ба ақибнишинӣ шуда, аз ҷумла шаҳри Қусайр дар наздикии марзи Лубнонро аз даст доданд.

Миср ҳамасола барои таъмину тамрини нирӯҳои мусаллаҳаш аз Амрико миллиардҳо доллар кумак мегирад. Вале ҳанӯз рӯшан нест, ки оё нирӯҳои Миср ҳам ба сурате ба низоъи Сурия дахолат хоҳанд кард?

Баъди "Шери жаён"...


F-16

F-16

Дар ҳамин ҳол, Амрико гуфтааст, мушакҳои дифоъи зиддиҳавоии Patriot ва ҳавопаймоҳои ҷангии F-16-ро баъди анҷоми машқҳои муштараки низомиаш бо Урдун дар ин кишвари Ховари Миёна нигоҳ хоҳад дошт. Пентагон гуфт, вазири дифоъи Амрико Чак Ҳагел дархости давлати Урдун барои боқӣ гузоштани мушакҳои Patriot ва ҷангандаҳои F-16 баъд аз машқҳои “Eager Lion”(“Шери жаён”)-ро, ки ҳафтаи оянда ба поён мерасанд, пазируфт.

Мақомот мегӯянд, нирӯҳои Амрикоро метавонанд барои ҳимояти Урдун аз густариши ҷанги Сурия истифода баранд. Урдун алакай дар қаламраваш садҳо ҳазор паноҳҷӯ аз Сурияро паноҳ додааст.

Русия – як муттаҳиди калидии режими президенти Сурия Башор Асад ва Эрон – изҳори нигаронӣ кардааст, ки мушакҳову ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико дар Урдунро метавонанд барои эъмоли минтақаи барои парвозҳо мамнӯъ дар ҳарими ҳавоии Сурия истифода кунанд.

Мавзӯъи Сурия - дар дидори Обама ва Путин


Интизор меравад, мавзӯъи Сурия як мавзӯъи асосии музокироти рӯзи душанбеи руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Русия Барак Обама ва Владимир Путин дар Ирландияи шимолӣ шавад. Ин мулоқот дар ҳошияи нишасти сарони G8, ки 8 қудрати пешрафтаи саноатии дунёро муттаҳид мекунад, доир хоҳад шуд.

Маскаву Вошингтон дар ин авохир як ибтикори муштаракеро рӯи даст гирифтаанд, ки барои музокироти сулҳ ба ҳам овардани тарафҳои низоъи Сурияро ба ҳадаф дорад. Аммо вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ дар як тамоси телефонӣ бо ҳамтои ироқиаш Ҳушёр Зиборӣ гуфтааст, имкони ҳалли сиёсии буҳрони Сурия зоҳиран хеле камтар мешавад, чунки режими Сурия аз силоҳҳои кимиёвӣ истифода бурдааст.

Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки Вошингтон “талошҳои қотеъона барои пайдо кардани роҳиҳалли сиёсӣ” барои Сурияро идома хоҳад дод. Аммо дар ин изҳорот ҳамчунин омадааст, ки ба бовари Ҷон Керрӣ, “истифодаи силоҳҳои кимиёвӣ ва афзоиши дахолати Ҳизбуллоҳ нишон медиҳад, ки режим ба тааҳҳудаш дар мавриди музокирот чандон пойбанд нест ва ин хатари аз байн рафтани имкони ҳалли сиёсиро ба вуҷуд меорад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG