Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валерий Турсунов ба истеъфо рафт


Валерий Турсунов, ноиби авали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон бо навиштани ариза аз маснадаш даст кашидааст. Ин тасмими худро Валерий Турсунов ба вазъи саломатиаш мартбут донистааст. Вай дар як мусоҳибаи кӯтоҳ бо Хадамоти матбутои ин федератсия гуфтааст: «Мехоҳам ба роҳбарияти ФФТ барои ҳамкорӣ ташаккур гӯям ва баҳри амлӣ шудани нақшаҳои эшон дар рушди футбол муваффақият таманно дорам». Валерий Турсунов собиқ футболбози бомаҳорати дастаи овозадори «Помир» сар аз соли 1996 бо каме таваққуф дар вазифаи ноиби авали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон кор кардааст.
XS
SM
MD
LG