Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ихроҷи 17 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия


Субҳи имрӯз 17 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва Нижний Новгороди Россия кору фаъолият менамуданд, аз қаламрави ин кишвар маҷбуран берун карда шуданд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 18-уми июн ба радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба ин ҳодиса корманди Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи Душанбе Насим Раҷабов хабар додаст. Шаҳрвандони Тоҷикистон Муслим Саидабдуллоев, Набиҷон Ҷалолов, Нуриддин Самадов, Машраби Давлатзода, Фаридун Холмирзоев, Саидҷон Қодиров, Дустмурод Саидов, Абдулбаён Шарипов ҷамь 17 нафар аз қаламрави Русия берун карда шуданд. Дар байни онҳо як нафар зан низ мебошад. Аз берункардашудагон 8 нафарашон аз шаҳри Москва буда, боқимонда аз шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Нижний Новгород мебошанд. Бо гуфтаи Насим Раҷабов, муддате, ки дар фурудгоҳ кор мекунад, ин якумин бор аст, ки чунин шумораи берункардашудагон (депортатсия) ба қайд гирифта мешаванд. Ҳамаи онҳо қонунҳои Федератсияи Россияро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ - иҷозаи кор, патент, бақайдгирӣ ва ғайраро вайрон намудаанд ва бо қарори суд маҷбуран берун карда шудаанд. Акнун ин шаҳрвандон мутобиқи конунҳои Федеролии Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба муҳлати панҷсол аз ворид шудан ба қаламрави ин мамлакат маҳрум шудаанд.
XS
SM
MD
LG