Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Эронро се соат тамдид карданд


Кумиссиёни Марказии Интихоботи Эрон ба далели теъдоди зиёди раъйдиҳандагон мӯҳлати раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро се соат тамдид кардааст. Қарор буд, интихобот соати 6 маҳаллӣ ба вақти Теҳрон анҷом ёбад, аммо онро то соати 9 шом тамдид карданд. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон 6 нафар барои гирифтани курсии Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури феълӣ рақобат мекунанд. Аммо номзадҳои аслӣ аз миёни онҳо Ҳасан Рӯҳонӣ, музокиракунандаи собиқи ҳастаии Эрон, номзади писандидаи ислоҳталабон ва Муҳаммад Боқир Қолибоф, шаҳрдори муҳофизакори Теҳрон аст. Агар ҳеҷ номзаде раъйи аксариятро ба даст наорад, даври дуввуми интихобот рӯзи 21 июн сурат мегирад. Нозирони байналмилалӣ интихоботи Эронро назорат намекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG