Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нав тазоҳурот дар Туркияро поён надод


Дар Туркия рӯёрӯии маъмурони пулис ва тазоҳургарони зиддидавлатӣ идома дорад, агарчӣ ҳизби ҳоким пешниҳод кардааст, ки дар бораи тарҳи баҳсбарангези бозсозии Парки Ғозӣ раъйпурсии умумӣ сурат бигирад. Саркӯби бераҳмонаи мухолифони бозсозии ин дарахтзор дар маркази шаҳри Истанбул, сабаби тазоҳуроти густурдаи зиддиҳукуматӣ ва баъзана хушунатомез дар Туркия шуд. Тазоҳургарон талаб доранд, ки Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазир аз мақомаш истеъфо диҳад. Ҳусейн Челик, сухангӯи Ҳизби Адолат ва Тавсиа, гуфт, ҳукумат умедвор буд, ки пешниҳоди раъйпурсӣ, тазоҳургаронро ба хотимаи намоишҳои эътирозӣ дар майдони Тақсим дар наздикии боғ мойил хоҳад кард. Ҳусейн Челик, аз тазоҳургарон хос, майдонро фавран тарк кунанд. Аммо имрӯз ҳам дар майдони Тақсим ва парк тазоҳургарон ҳамчунон ба назар мерасидаанд.
XS
SM
MD
LG