Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи Нелсон Мандела ҳамчунон бад будааст


Вазъи сиҳатии Нелсон Мандела, раиси ҷумҳури собиқи Африқои Ҷанубӣ ва барандаи ҷоизаи Нобел бад, вале мӯътадил будааст. Ӯро рӯзи шанбе ба иллати сироят шудани шушҳояш дар шифохона бистарӣ карданд. Як сухангӯи ҳукумати Африқои Ҷанубӣ гуфт, ки ҳоло Нелсон Мандела худаш ва бе дастгоҳҳои кӯмакрасон нафас мекашад. Манделаи 94-сола бинобар пириву нотавонӣ солҳои ахир дар мазҳари омм аҳёнан дида мешавад. Ӯ моҳи апрел низ гирифтори илтиҳоби шуш шуд ва 10 рӯз дар бемористон буд. Ин сиёсатмадори шинохта, дар замони апартеид дар Африқои Ҷанубӣ, 27-солро дар зиндон сипарӣ карда ва дар ҳамонҷо ба бемории сил мубтало шудааст.
XS
SM
MD
LG