Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар Теҳрон бо мақомоти Эрон гуфтугӯ карданд


Ҳукумати Афғонистон аз Эрони ҳамсоя хост, ки хабари гуфтугӯи ҳайати ҷунбиши “Толибон” бо мақомоти эронӣ дар Теҳронро тавзеҳ кунад. Намояндаи вазорати умури хориҷии Афғонистон Ҷонон Мусозай гуфт, ки Кобул бо мансабдорони эронӣ дар тамос аст, то дар бораи ҷузъиёти сафару гуфтушунид иттилои бештар дарёфт кунад. Мусозай афзуд, ки Теҳрон аз талошҳои ҳукумати Афғонистон барои шурӯи раванди мусолиҳа бо ошӯбгарон пуштибонӣ мекунад.

Рӯзи душанбе сухангӯи “Толибон” Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ изҳор намуд, ки ахиран мақомоти эронӣ намояндагони ҷунбишро ба ҳузур пазируфтанд. Ӯ афзуд, ки бархе аз раҳбарони “Толибон” ҳамчунин дар як конфаронси мазҳабӣ дар Теҳрон ширкат доштанд.

“Толибон” масъули ҳамлаҳои хунбор дар Афғонистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG