Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Лавров қатъномаи Сурияро танқид кард


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия тарҳи қатъномаи пешниҳодии Амрико дар бораи Сурияро башиддат танқид кард, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал баррасӣ мешавад. Ӯ, ки қабл аз баррасии ин қатънома сӯҳбат мекард, гуфт, Амрико дар робита ба Сурия фаъолона ташаббусҳои фавқуллода зараровар пешниҳод мекунад. Дар қатъномае, ки Амрикову Туркия ва Қатар таҳия кардаанд, Сурия барои ҷалби размандагони Ҳизбуллоҳи Лубнон ба ҷанг алайҳи шӯришиён маҳкум шудааст. Дар ин тарҳ омадааст, ки ҳузури размандагони хориҷӣ дар Сурия “барои амнияти минтақавӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Размандагони созмони эронгарои Ҳизбуллоҳ моҳи равон дар тасарруфи шаҳри стротежики Қусайр дар марзи Лубнон ба нерӯҳои давлатии Сурия кӯмак карданд. Нави Пиллай, масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал дар ин нишаст гуфт: "Теъдоди афзояндаи размандагони хориҷӣ барои кӯмак ба ин ё он тарафи ҷанг ба Сурия мераванд, ки ин боиси шиддат гирифтани муноқишаҳои қавмӣ мешавад. Ҳамчунин аломатҳои изтиробангези ноамнӣ дар тамоми минтақа ба назар мерасад."Тарҳи қатънома дар нишасти Шӯрои Ҳуқуқи Башар дар шаҳри Женева баррасӣ мешавад ва дар он ҳамчунин аз мақомоти Сурия хостаанд, дастрасии бемамониат ва озоди Созмони Милал ва муассисаҳои имдодӣ ба тамоми мардуми осебдида аз ҷангро фароҳам кунад.
XS
SM
MD
LG