Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Қодиров хостанд, ришвахории доварро собит кунад


Федератсияи Футболи Русия аз Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон, хостааст, иддаъояш дар бораи ришвахории доварони футболро собит кунад. Баёнияи расмӣ дар ин бора рӯзи сешанбе дар торнамои ин федератсия нашр шуд. Аз ин пеш Аҳмад Қодиров ба хабарнигорон гуфт, ки довари бозии дастаи футболи Тереки шаҳри Грозний ва Рубини Қазон аз ӯ ришва хостааст, вале ӯ рад кардааст. Баъди ҳамин ба гуфтаи Рамазон Қодиров, довари аслӣ дар ин бозӣ дар моҳи март ба нафъи Рубин кор кардаанд. Дар он моҳ, Рамазон Қодиров бо истифода аз баландгӯи майдони футбол, довари аслиро “аҳмақу фурӯхташуда” хонд ва ҷанҷоле барпо кард.
XS
SM
MD
LG