Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Овоздиҳии такрорӣ дар ҳавзаи Карочии Покистон


Баъди куштори зани сиёсатмадор аз ҳизби крикетбози собиқ Имронхон дар бузургтарин шаҳри Покистон-Карочӣ оҳоздиҳии такрории интихоботи 11-уми май доир шуд.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ-яке аз раҳбарони ҳизби таҳрики инсоф дар шаҳри карочӣ гуфт:

Мехоҳам эҳтироми худро ба овоздиҳандагони ҳавзаи НА 250 иброз намоям, зеро сарфи назар аз таҳдид ба ҷонашон ва сарфи назар аз куштори бераҳмонаи муовини вилоятии раҳбари ҳизбамон Заҳрои Ҳусайн онҳо барои овоздиҳӣ омаданд. Ин гувоҳи эътимоди онҳо ба демократия аст. Ин гувоҳи он аст, ки мардуми Карочӣ бедор шудааст.Онҳо зидди ҷангҷӯён буда, мехоҳанд ба саҳна ворид шаванд.”

Ин чорабинӣ қаблан пешбинӣ шуда буд, зеро ҳизби таҳрики инсофи Имронхон ҳизби муттаҳидаи қавмии Покистонро бо тақаллуб дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии ин минтақа муттаҳам кард.

Ҳизби муттаҳидаи қавмии Покистон айбномаро рад карда, иброз дошт, ки овоздиҳии такрориро бойкот мекунад.

Хонум Заҳро Ҳусайни 59-сола, ки ноиби раҳбари ҳизби таҳрики инсоф дар вилояти Синдҳ буд, рӯзи шанбе дар назди хонааш ба қатл расид.

Силоҳбадастон аз ҷои ҳодиса фирор карданд ва то ҳол касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG