Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Камерон роҳҳои ҳали муноқишаи Сурияро баррасӣ карданд


Путин ва Камерон дар Сочӣ
Путин ва Камерон дар Сочӣ
Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфт, вай бо Дэвид Камерон-нахуствазири Британия роҳҳои имкондошта ва тадобири муштараки қатъи муноқиша дар Сурияро баррасӣ кардаанд.

Путин баъд аз мулоқот бо Камерон дар Сочӣ гуфт, “қадамҳои амалӣ” баррасӣ шудаанд. Камерон гуфт, ки ин ду кишвар бояд “ба таври фаъол” дар ҳали ин муноқиша кӯмак кунанд.

Британия аз шӯришиёни Сурия ҳимоят мекунад ва мехоҳад таҳримҳои фурӯши аслиҳаи Аврупо аз миён бардошта шавад. Аммо Русия аз муддатҳо пеш яке аз таъминкунандагони аслиҳа ба режими Башор Асад ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG