Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Озодӣ дар Туркманистон боздошт шуд


Маъмурони пулиси Туркманистон яке аз хабарнигорони Радиои Озодӣ дар шаҳри Туркманобод, Чорҷӯйи собиқро боздошт кардаанд. Равшан Ёзмуҳаммадови 30-сола аз моҳи сентябри соли 2012 барои бахши туркмании Радиои Озодӣ кор мекард ва аксаран дар бораи масоили иҷтимоӣ менавишт. Наздикони ӯ рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маъмурони пулиси маҳаллӣ Равшанро рӯзи душанбе дастгир кардаанд ва сабабашро ҳам нагуфтаанд. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯро дар боздоштгоҳи раёсати шашуми вазорати умури дохилӣ нигаҳ медоранд, ки умдатан ҷиноятҳои созмонёфта ва қазияҳои марбут ба терроризмро таҳқиқ мекунад. Ба гуфтаи наздиконаш Равшан Ёзмуҳаммадовро маъмурони амниятӣ дар гузашта ҳам чанд дафъа бозпурсӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG