Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи беш аз 100 кило бангдона ва ҳероин дар Шӯрообод


Мақомоти тоҷик дар минтақаи марзии Шӯрообод, дар ҷануби Тоҷикистон, аз як гуруҳи қочоқбари силоҳдори афғон беш аз 100 кило маводи мухаддири навъи бангдона мусодира карданд. Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин ҳодиса дар ҷамоати деҳоти Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯрообод, байни деҳаҳои Кишт ва Шоҳон рух додааст. Кормандони Шӯъбаи 6-уми Раёсати мубориза зидди қочоқи маводи мухадири вазорати корҳои дохилӣ, гуруҳи қочоқчиёнро ошкор мекунад, ки қасди убури марзи Тоҷикистон бо маводи мухаддирро доштанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳангоми огоҳ кардан қочоқчиён борхалтаҳои ба худ доштаашонро ба замин партофта, ба самти номаълум фирор карданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса беш аз 100 килограмм маводи нашъадори «бангдона» ва 3 кило ва 715 грамм маводи нашъадори навъи «ҳероин» дарёфт ва мусодира карда шуд. Вазни умумии маводи мусодирашуда 104 кило ва 15 грамм будааст.
XS
SM
MD
LG