Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Навалнийро ба таъхир наандохтанд


Додгоҳи шаҳри Кирови Русия тамоми тавҷеҳоти вакилони блогнавис Алексей Навалний барои таъхири мурофиаи ӯро радд кард. Вакилон табдили қозӣ Сергей Блинов ба далели холис набуданаш, ба иллати тахаллуфот ба тафтишот пас гардондани парванда ва ҳам фурсати бештар барои қироати 7500 саҳифаи парвандаро дархост карданд, вале Блинов дирӯз ҳеҷ як аз ин тавҷеҳотро напазируфт. Навалний, ки аз азмаш барои президентии Русия хабар додааст, ба даст доштан дар сирқати чӯб ба маблағи 510 000 доллар айбдор шуда, метавонад то 10 сол ҳукми зиндон бигирад. Алексей Навалний аз мунтақидони раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аст ва мегӯяд, парвандаи ӯ ангезаҳои сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG