Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷабҳаи чапи Удалтсов барои 3 моҳ манъ шуд


Сергей Удалтсов

Сергей Удалтсов

Додситонии Маскав фаъолияти Ҷабҳаи чапи Сергей Удалтсовро бо иттиҳоми “нақзи қонун” барои 3 моҳ, яъне то 19 июл мутаваққиф кард. Удалтсов аз моҳи феврал бо иттиҳоми таҳрик ба ошӯбҳои оммавӣ дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва дар авоили апрел ин ҳукми ӯро то август тамдид карданд. Ин иттиҳом алайҳи Удалтсов дар пайи нашри як филми мустанад дар НТВ эълон шуд. Дар он филм иддао мешуд, ки Удалтсов ва ёронаш барои ташкили ошӯбҳо аз як вакили парлумони Гурҷистон таъмини молӣ мешуданд. Удалтсов ин иттиҳомро, ки муҷозоташ то 10 соли зиндон аст, радд мекунад. Мунтақидон ин таъқиботро бахше аз маъракаи саркӯбии мухолифин меноманд.
XS
SM
MD
LG