Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруд ба қаламрави Русия бо шиносномаи хориҷӣ?


66 дарсади аҳолии Русия аз пешниҳоди Дмитрий Рогозин-муовини нахуствазири Русия дар бораи вуруд бо шиносномаҳои хориҷӣ ба қаламрави Русия ҷонибдорӣ кардаанд. Дар ин бора як сомонаи таҳқиқотӣ бо номи Superjob.ru хабар додааст.

Яке аз назардиҳандагон, ки номаш оварда нашудааст, мегӯяд, “аз муддатҳо қабл бояд чунин контрол ҷорӣ мешуд. Ман комилан ин пешниҳодро ҷонибдорӣ мекунам. Русия ба “прходной двор” табдил ёфтааст. Беҳтар аст барои муҳоҷирати корӣ низ маҳдудият ҷорӣ шавад.

Дмитрий Рогозин, ки як кумиссиюни давлатиро раҳбарӣ мекунад, гуфт, ки мумкин аст соли ҷорӣ Русия вуруд ба қаламрави худро танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ иҷоза диҳад.

Ҳоло дар Русия бештар аз якуним миллион муҳоҷирони кории Тоҷикистон қарор доранд ва миёни Русияву Тоҷикистон рафту омад бо шиносномаҳои миллӣ сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG