Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир дурнамом ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрикоро баррасӣ кард


Нуриддин Шамсов-сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Ли Террӣ-намояндаи Конгресс ва бо сенатор Майк Ҷоҳанс аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ мулоқотҳои алоҳида анҷом дод ва бо онҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.

Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Вошингтон ба радиои Озодӣ хабар дод. Бино ба хабари ин манбаъ, ҷониби Тоҷикистон дар бораи заминаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои обу энержӣ, саноат, кишоварзӣ мусоидат ба сулҳу субот дар Афғонистон ва хуруҷи неруҳои байналмилалӣ аз ин кишвар, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва ташаббуси Тоҷикистон роҷеъ ба баргузории Соли байналмилалии об сӯҳбат кардааст.

Сафир ба ҷониби Амрико барои ҳимояташ аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат сипосгузорӣ кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки Конгресси Амрико ба Тоҷикистон барои бекор кардани иловаи қонуни Ҷексон-Веник соли ҷорӣ мусоидат хоҳанд кард.

Сенатор Майк Ҷоҳанс ва Ли Терри-узви Конгресс итминон доданд, ки барои аз нав баррасӣ кардани ин мавзӯъ дар Конгресси Амрико ба Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG