Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Ҷанубӣ мегӯяд, омодаи рафъи ҳаргуна ҳамла аст


Куриёи Ҷанубӣ мегӯяд, омода аст, ҳаргуна ҳамла аз тарафи Куриёи Шимолиро рафъ кунад. Ким Мен-сеок, сухангӯи вазорати дифоъи Куриёи Ҷанубӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, “агар мушакҳои Куриёи Шимолӣ дар фосилаи ҳадафи мушакҳои Патриоти мо парвоз кунанд, мо онҳоро маҳв карда метавонем.” Пештар аз ин маъмурони амниятии Куриёи Ҷанубӣ гуфтанд, мумкин аст, ки Куриёи Шимолӣ ду мушаки миёнабурдро барои партоб аз соҳилҳои шарқии ин кишвар омода кардааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Куриёи Шимолӣ ҳушдор дод, ки ба “хати хатарнок” наздик шудааст ва Амрико омода аст, ба ҳар гуна иғво посух бидиҳад. Баъди тақвияти таҳримоти Созмони Милал алайҳи Куриёи Шимолӣ, ки моҳи феврал бори саввум озмоиши ҳастаӣ анҷом дод, Пхенян чандин дафъа ба Куриёи Ҷанубӣ ва Амрико таҳдид кард.
XS
SM
MD
LG