Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 23 сарбоз ва 110 ҷангҷӯй дар Покистон


Низомиёни Покистон мегӯянд, бар асари бархӯрди мусаллаҳонаи сарбозони покистонӣ бо ҷангҷӯён дар наздикиҳои марзи ин кишвар бо Афғонистон 23 сарбоз ва камаш 110 ҷангҷӯй кушта шудаанд. Бархӯрд барои тасарруфи як баландии муҳим дар минтақаи Тираи водии Хайбари зери назорати қабилаҳо рӯзи ҷумъа оғоз ёфта, чанд рӯз идома доштааст. Ба қавли низомиён дар ин амалиёт ба хотири бомбаборони мавқеъҳои ҷангиён аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ низ истифода бурдаанд. Водии Хайбар дар роҳи икмолоти эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар Афғонистон қарор дорад ва эҳтимол соли 2014-ум ҳангоми беруншавии нерӯҳои НАТО аз Афғонистон мавриди истифода қарор гирад.
XS
SM
MD
LG