Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

УЕФА: "Реал" аз сӯи давлат сармоягузорӣ мешавад


УЕФА, Иттиҳодияи футболи Аврупо, иттилоъ дар бораи аз сӯи давлат сармоягузорӣ шудани чанд дастаи футбол, аз ҷумла, “Реал”-и Мадридро тафтиш мекунад. Бар пояи қоидаҳои ин итиҳодия, таъсири ҳукуматҳо ба фаъолияти дастаҳои футбол қатъан манъ аст.

УЕФА рӯи ин мавзӯъ баъд аз дарёфти иттилоъ дар бораи мизони аз ҳад пойини андоз барои бунёди иншоот дар минтақаи иҷорагирифтаи “Реал” тамаркӯз кард. Аммо масъулини УЕФА мегӯянд, ҳанӯз маълум нест, ки ин иттиҳом барои баргузории тафтишоти расмӣ кофист ё не.
XS
SM
MD
LG