Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомид Карзай дар Қатар сулҳи Афғонистонро баррасӣ мекунад


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон вориди Қатар шуд. Вай бо мақомоти расмии ин кишвар мулоқот мекунад ва бо онҳо масъалаи сулҳи Афғонистон, боз кардани намояндагии Толибон дар Қатарро баррасӣ хоҳад кард.

Аймал Файзӣ-сухангӯи раиси ҷумҳур ба бахши афғонии радиои Озодӣ гуфт, Ҳомид Карзай дар ҷараёни ин боздиди дурӯза ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни ду кишварро низ ба баррасӣ мегирад, вале масъалаи асосӣ раванди сулҳи Афғонистон аст ва бояд дақиқ шавад, ки дар сурати оғози музокироти сулҳ чӣ нируҳое дар он ширкат хоҳанд ҷуст.
XS
SM
MD
LG