Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Carnegie ENI: Роғун ва интихоби Эмомалӣ Раҳмон


Бунёди Корнегӣ барои сулҳи байнулмилалӣ (Carnegie Endowment for International Peace) мегӯяд, ки роҳҳои наҷоти Тоҷикистон аз бӯҳрони энержӣ мавҷуданд.

Шиорҳои бунёди нерӯгоҳи баҳсбарангези Роғун барои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чӣ маънӣ дорад ва агар ин тарҳ иҷро нашавад, кишвари кӯчаки Осиёи Марказӣ чӣ гуна аз бӯҳрони энержӣ раҳоӣ хоҳад ёфт. Ин мавзӯъро Елӣ Кин (Eli Keene), ҳамоҳангсози барномаи Ал-Форобӣ-Корнегӣ дар Осиёи Марказӣ, дар гузориши муфассале таҳқиқ кардааст.

Вай менависад, Тоҷикистон розӣ шуд, корҳои марбут ба сохтмони Роғунро то поёни ташхиси Бонки Ҷаҳонӣ қатъ кунад. Дар ин байн Эмомалӣ Раҳмон, дар муқобили чанд саволи мушкил қарор дорад. Аз ҷумла, маълум нест, 2 миллиарду 200 миллион доллари зарур барои ин сохтмонро аз куҷо хоҳад гирифт. Даъват аз мардум ҳамагӣ 169 миллион доллар натиҷа дод. Бонки Ҷаҳонӣ ҳам паёми рӯшан дод, ки бунёди нерӯгоҳи Роғунро сармоягузорӣ карданӣ нест. Аммо Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанд ва нерӯгоҳро барои Тоҷикистон масъалаи "маргу зиндагӣ" хондааст. Ба навиштаи Элӣ Кин, ба назар мерасад, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳарферо дар робита ба коҳиш додани баландии сарбанди нерӯгоҳ шунидан намехоҳад ва қатъи назар аз натиҷаҳои ташхиси байнулмилалии Тоҷикистон ба сохтмон идома хоҳад дод. Ин дар ҳоле ки буҷаи ин давлат зиёда аз 44 миллион доллар каср дорад, кори мушкиле хоҳад буд.

Аммо ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки амал ва мавзеъгириҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон чизе бештар аз рӯёрӯӣ бо ҳамсояи қавитар, сарватмандтар ва сераҳолитар нест. Ҳарчанд мумкин аст, Раҳмон обанбори Роғунро як фишанги назорати об шуморад, гумон намеравад, баҳс ба манфиати Тоҷикистон анҷом ёбад. Узбакистон дар ҳоли ҳозир ягона содиркунандаи гази табиӣ ба Тоҷикистон аст ва роҳҳои асосии транзитии Тоҷикистон аз қаламрави Ӯзбакистон убур мекунанд. Зимнан, Тошканд қаблан дар баҳсҳо бо Душанбе аз ин фишангҳо чанд бор истифода бурд, ки чун фишор болои иқтисоди Тоҷикистон арзёбӣ шуданд.

Муаллиф менависад, ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди сарбанди Роғун дар соли 2013 як миллиарду 200 миллион сомонӣ ё беш аз 251 миллион доллар ҷудо кардааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳо боз барои бунёди ин нерӯгоҳ ба хотири раҳоӣ аз бӯҳрони энерҷӣ дар кишвар пойфишорӣ дорад ва дар ин масир бо монеъагузориҳои зиёди иқтисодиву сиёсӣ ва мухолифати Ӯзбакистон ҳамсоя рӯба рӯ шудааст. Пажуҳишгар гуфтааст, ки акнун Бонки ҷаҳонӣ низ бо сармоягузории ду ташхиси фаннии ҷанбаҳои гуногуни тарҳи нерӯгоҳи Роғун вориди баҳси миёни ду кишвар гардид.

Аз нигоҳи Елӣ Кин, ҳарчанд ташхиси Бонки ҷаҳонӣ имкони бунёди сарбанди аз сӯи Душанбе тарҳрезишударо қисман тайид кардааст, Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба бунёди нерӯгоҳи Роғун бояд омодаи гузашт ва ҷустуҷӯи роҳҳалҳои алтернативӣ ба хотири навсозии бахши энерҷии Тоҷикистон бошад.

Бунёди нерӯгоҳи Роғун ҳанӯз солҳои 60-уми қарни гузашта тарҳрезӣ шуда буд – мутахассисони шӯравӣ мехостанд дар рӯди Вахш се нерӯгоҳ – Норак, Сангтуда ва Роғунро бунёд кунанд, то ки дар Узбакистону Туркманистони шӯравӣ заминҳои нав обёрӣ шаванд ва саноати худи Тоҷикистон бо нерӯи барқ таъмин бошад. Аммо аз он се тарҳ то суқути шӯравӣ фақат тарҳи нерӯгоҳи Норак татбиқ шуд. Баъдтар яке аз ду нерӯгоҳҳои Сангтуда ҳам бунёд шуд, аммо ин, ба навиштаи Елӣ Кин, мушкили таъмини Тоҷикистон бо нерӯи барқро ҳал накард. Баъд аз суқути шӯравӣ Тоҷикистон ба бӯҳрони энерҷӣ мувоҷеҳ шуд. Ин бӯҳрон баъди он амиқтар гардид, ки соли 2009 Қазоқистон ва Ӯзбакистон мақомоти Тоҷикистонро дар яғмои барқ айбдор карда, аз шабакаи воҳиди нерӯи барқи Осиёи Марказӣ хориҷ шуданд.

Пажуҳишгари барномаи Ал-Форобӣ-Корнегӣ дар Осиёи Марказӣ менависад, ки иқтисоди Ӯзбакистон пойбанди бахши кишоварзист ва ҳоло беш аз 90 дар сади оби пок барои обёрии заминҳо сарф мешавад. Ислом Каримов, раисиҷумҳури Ӯзбакистон борҳо таъкид кардааст, ки нерӯгоҳи Роғун бахши кишварзии кишварашро нобуд хоҳад сохт, зеро фақат пур кардани обанбори нерӯгоҳ Ӯзбакистонро барои ҳашт сол аз об маҳрум хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол ӯ он омилро сарфи назар мекунад, ки Вахш фақат яке аз се шохаи бузурги Амударёст ва Тоҷикистон ваъда додааст, ки обанборро тайи ҳабдаҳ сол бо об пур мекунад, то кишварҳои поёноб аз камбуди об танқисӣ накашанд. Тирамоҳи соли гузашта Ислом Каримов ҳушдор дода буд, ки моҷарои об дар минтақа шояд боиси ҷанг гардад.

Елӣ Кин менависад, ки алтернативаи раҳоии Тоҷикистон аз бӯҳрони энержӣ мавҷуд аст. Қабл аз ҳама ба гуфтаи ӯ, бар пояи машваратҳои Бонки ҷаҳонӣ, бояд қимати нерӯи барқ дао кишвар боло бурда шавад - он ҳоло 2, 25 сент барои як киловатт-соат ва арзонтарин дар олам аст. Боло бардани қимати барқ мардумро барои истифодаи сарфакоронаи он водор месозад. Роҳи дуюм – хусусигардонии бахши энерҷии Тоҷикистон аст, ки аз исрофи нерӯи барқ ҷилавгирӣ хоҳад кард. Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, айни ҳол бар асари тақсими нодурусти нерӯи барқ 18 дар сади он беҳуда сарф мешавад.

Боз як роҳи дигар, менависад Елӣ Кин, дарёфти сармоя тавассути фурӯши нерӯи барқи изофа дар фасли тобистон аст. Ба ин хотир моҳи декабр Бонки ҷаҳонӣ эълом дошт, ки барои бунёди тарҳи CASA-1000 тақрибан 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад. Ин тарҳ интиқоли нерӯи барқи Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон дар фасли тобистонро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG