Пайвандҳои дастрасӣ

Тошканд мумкин аст, натиҷаи ташхиси “Роғун”-ро напазирад


Шавкат Ҳамроев, муовини вазири обёрӣ ва хоҷагии оби Узбакистон (Акс аз торнамои СММ)

Шавкат Ҳамроев, муовини вазири обёрӣ ва хоҷагии оби Узбакистон (Акс аз торнамои СММ)

Муовини вазири обёрӣ ва хоҷагии оби Узбакистон Шавкат Ҳамроев ташхиси тарҳи нерӯгоҳи Роғунро зери шубҳа гузошт.

Дар мусоҳиба бо Радиои Созмони Милал ҷаноби Ҳамроев гуфт, кишвараш ба шеваи баргузории ташхиси тарҳи нерӯгоҳи Роғун ва аз ҷумла интихоби аъзои ҳайати коршиносон розӣ набуда, натиҷаҳои ташхисро мумкин аст, эътироф накунад. Вай ҳамчунин Тоҷикистон ва Қирғизистонро айбдор кард, ки бо истифода аз обанборҳо дар зимистон барои Узбакистон селу обхезӣ ва дар фасли кишт хушкию камобӣ “ташкил” мекунанд.

Дар робита ба ҳайати коршиносони байнулмилалӣ муовини вазири обёрӣ ва хоҷагии оби Узбакистон мегӯяд, онҳоро Тоҷикистон бо салоҳдиди худ интихоб кардааст ва барояшон музд медиҳад ва бино бар матали машҳур “рақсро касе фармоиш медиҳад, ки пули мусиқиро мепардозад.”

Шавкат Ҳамроев меафзояд: “Бонки Ҷаҳонӣ бояд мустақиман коршиносонро сармоягузорӣ кунад, вале он барои баргузории ташхиси байнулмилалӣ ба Тоҷикистон маблағ дод ва Тоҷикистон ба таври сунъӣ афроди дилхоҳашро интихоб карда, худ ба ҳисобҳо имзо мегузорад ва худ пули кори анҷомшударо медиҳад.”

Мансабдори Узбакистон ҳамчунин гуфт, шикоятҳои зиёди кишвараш дар бобати шеваи баргузории ташхис ва масъалаҳои умдаи он низ беҷавоб мондаанд. Ба ин сабаб, хулоса кардааст ӯ, вақте натиҷаҳои кори гурӯҳи таҳқиқи тарҳ омода мешаванд, барои Узбакистон мушкил хоҳад буд, ки онҳоро бипазирад. Вай таъкид кард, ки “натиҷаҳои нимакора” ҳамаи тарафҳоро қаноат нахоҳанд дод.

Хайрулло Сафаров, раиси нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Хайрулло Сафаров, раиси нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Аммо Хайрулло Сафаров, раиси неругоҳи барқи обии Роғун мегӯяд,ки коршиносони гурӯҳи байнулмилалиро худи Бонки Ҷаҳонӣ интихоб кардааст ва маблағгузории кори ҳайат низ аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ анҷом шуда, Тоҷикистон ба ин масъала кордор нест. Зимнан, дар оғоз тарафи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекард, ки дар он “тарафдорони Узбакистон” вазни бештар доранд. Ҳайатро Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мекунад ва барои қатъи ҳамаи корҳои асосӣ дар сохтмони Роғун ин маблағгузорӣ қатъ гашта буд. Танҳо замоне ки бахши зиёди корҳо дар сохтмони обанбор қатъ ва 5000 коргари сохтмони Роғун ба рухсатии бемӯҳлат фиристода шуданд, Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузории гурӯҳи коршиносонро аз сар гирифт.

Пас кадом ҳолат метавонад, ҳам Узбакистон ва ҳам Тоҷикистонро қонеъ гардонад. Ба ин пурсиши Радиои Созмони Милал, Муовини вазири обёрӣ ва хоҷагии оби Узбакистон Шавкат Ҳамроев гуфтааст, бояд нерӯгоҳҳои хурде сохта шаванд, ки ҳавзаи рӯдҳоро тағйир надиҳанд. Вай шикоят мекунад, ки Тоҷикистон бо истифода аз нерӯгоҳҳои “Норак” ва “Қайроққум” ва ҳамчунин Қирғизистон бо истифода аз обанбори “Тухтагул” барои Узбакистон ва Туркманистон дар фурсати дилхоҳашон селу обхезӣ ё камбуди об эҷод мекунанд. Ҷаноби Ҳамроев бар ин аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд нерӯгоҳҳои бидуни обанбор созанд. Аммо Тоҷикистон ва Қирғизистон мақсади дигар доранд, меафзояд Ҳамроев, “онҳо мехоҳанд, идораи захираҳои обро ба дасти худ гиранд, мехоҳанд, рӯдҳо зери фармони онҳо бошанд ва онҳо тавонанд, шароити ғайриодӣ ба вуҷуд оранд. Ин хел намешавад ва касе ба ин роҳ намедиҳад.”

Вале раиси неругоҳи барқи обии Роғун, Хайрулло Сафаров, мегӯяд, ин даъвоҳо беасосанд. "Танзими об дар асоси Протоколи 566 ва Созишномаи соли 1996 сурат мегирад ва тамоми ин муддат мо аз он дарсади обе, ки бояд истифода барем, камтар истифода мебарем ва кишварҳои поёноб, Узбакистон ва Туркманистон аз меъёре, ки ин созишнома муайян кардааст, то 30-40-50 дарсад зиёдтар об мегиранд. Ҳамаи ин санаду ҳуҷҷат шудааст ва ин ҷо дурӯғе роҳ ёфта наметавонад."

Муовини вазири обёрӣ ва хоҷагии оби Узбакистон, ки дар ҳамоиши байнулмилалии Рӯзи ҷаҳонии об дар ситоди марказии Созмони Милал дар Ню Йорк ширкат дошт, мегӯяд, ҳамаи масъала ва мушкилотро метавон бо гуфтушуниду муколама ҳал кард ва агар тарҳҳои обу энержии минтақа бо ризоияти ҳамсоягон амалӣ шаванд, ба манфиати ҳамагон хоҳанд буд. Дар посух ба ин Хайрулло Сафаров, раиси нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз ҷаноби Ҳамроев даъват кардааст, дар сафаре ба Тоҷикистон ва сохтмони Роғун худ бо вазъият аз наздик ошно шавад ва бубинад, ки Тоҷикистон ҳеч кори ношаффофе дар ин замина анҷом надодаасту намедиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG