Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

22 март ба ибтикори Тоҷикистон дар мақарри СММ дар Ню-Йорк Муколамаи Маҷмаи Умумии СММ роҷеъ ба ҳамкориҳо дар соҳаи об дар сатҳи баланд баргузор мешавад.

Дар он намояндагони ҳамаи кишварҳои узви СММ ширкат мекунад.

Аз ҷониби Тоҷикистон нахуствазир Оқил Оқилов ба унвони раиси Кумитаи тадорукотии муколамаи Маҷмаи Умумиии СММ суханронӣ хоҳад кард. Ин муколама аслан бо ташаббуси Тоҷикистон баргузор мешавад.

Сироҷиддин Аслов-намояндаи Тоҷикистон дар СММ ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин муколама масъалаҳои мухталифро ба баррасӣ мегиранд.

“Истифодаи об тақрибан дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ, энержӣ, саноат ва ҳам роҷеъ ба муҳити зист, умуман ҳамаи масъалаҳое, ки ба истифодаи об иртибот дорад, дар Ню-Йорк баррасӣ хоҳанд шуд. Ин ибтидои муколама аст. Хотимаи он 20, 21, 22 август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.”

Дар муколамаи Ню-Йорк баъзе кишварҳо дар сатҳи вазирони худ намояндагӣ ва мавзеъгириҳои кишварҳояшонро боз хоҳанд кард. Ҳамчунин бо дархости Маҷмаи Умумӣ суханронии 12 коршинос пешбинӣ шудааст. Онҳо хулосаҳои худро роҷеъ ба ин масъала ба ширкаткунандагон пешкаш хоҳанд кард.
Сироҷиддин Аслов

Сироҷиддин Аслов


Ба гуфтаи ҷаноби Аслов, дар поёни баррасиҳо санаде ба тасвиб мерасад ва дар он пешниҳод хоҳад шуд, ки кишварҳои узви СММ дар Конфронси байналмиллалии об дар шаҳри Душанбе барои баррасӣ чӣ масъалаҳоро бояд дар назар бигиранд.

Моҳи декабри соли 2012 Маҷмаи Умумии СММ бо ибтикори Тоҷикистон қатъномаеро бо номи “Тасдиқи соли байналмиллалии ҳамкориҳо дар соҳаи об” ба тасвиб расонда буд. Оқои Аслов гуфт, он вақт кишварҳои поёноб Қазоқистон ва Туркманистон аз ин қатънома ҳимоят карданд ва ҳатто роҷеъ ба баъзе масъалаҳо муаллифи қатънома низ дониста мешаванд.

Аммо Узбакистон аз оғоз то ҳол роҷеъ ба истифодаи об ва захоири энержии обӣ ба пешниҳодҳои кишварҳои болооб Тоҷикистону Қирғизистон мухолифат нишон додааст.

Дар остонаи ин муколама Шавкат Ҳамроев-муовини вазири обу обёрии Узбакистон ба радиои СММ гуфт, ки ягона роҳи ҳали масъалаи об ва истифодаи захоири энержии обӣ бунёди ниругоҳҳои хурди барқи обӣ дар рӯдхонаҳои Осиёи Миёна аст. Вай гуфт, бигзор созанд, мо ҳам худамон ниругоҳҳои хурди барқи обӣ месозем. Ин гуна ниругоҳҳо тавозуни режими истифодаи об ва муҳити зистро дар ҳавзаи рӯдхонаҳо тағир намедиҳад”.

Вале вақте, ки Тоҷикистон мехост бо сармоягузории Чин дар рӯдхонаи Зарафшон ниругоҳи хурд бунёд кунад, Узбакистон мухолифати шадид нишон дод ва Чин аз сармоягузорӣ дар ин тарҳ даст кашид. Узбакистон ҳамеша мегӯяд, ки Тоҷикистон бо сохтани ниругоҳҳои бузурги обӣ контроли обро дар ихтиёри худ мегирад.

Вале оқои Аслов ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, ки “ Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ оби рӯдхонаҳоро нигоҳ дошта наметавонад. Тавони ин корро надорад. Мо агар "Роғун"-ро ҳам созем, ин корро карда наметавонам. Вале ниругоҳҳои хурде, ки Узбакистон дар назар дорад, танҳо дар фасли гармо метавонад барқ тавлид кунад. Дар зимистон оби дарёҳои кӯҳистонӣ кам мешавад ва ин гуна ниругоҳҳои хурд кор намекунанд.”

Оқои Аслов бовар дорад, ки аксари кишварҳои узви СММ бо назардошти вазъи бади таъмини аҳолии Тоҷикистон бо барқ аз мавзеъгирии Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунанд.

Барои омодагӣ ба конфронси байналмиллалии об дар Душанбе як кумитаи ҳамоҳангсоз ташкил шудааст ва он аз 25 коршиноси байналмиллалӣ иборат аст. Онҳо коршиносони сохторҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии кишварҳо ва созмонҳои мухталиф мебошанд. Ин кумита қабл аз ширкат дар муколами имрӯзи Маҷмаи Умумии СММ нахустин ҷаласаи худро 5 марти соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор кард. Кумитаи мазкур мустақил аст, ба СММ ва ё ба конфронс ва созмондиҳандагони он итоат намекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG