Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон "Соли дипломатияи об"-ро дар СММ оғоз бахшид


Дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк Муколама оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи об баргузор шуд.

Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ин нишастро ба Рӯзи ҷаҳонии об бахшидааст. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар раиси Маҷмааи умумӣ Вук Ҷеремик дар изҳороти худ ба ҳамкорӣ ба хотири ҳалли мушкили об даъват карданд.Бан Ки Мун изҳор намуд, ки “нумӯъ бидуни оби пок ғайримумкин аст. Дар Рӯзи ҷҳонии об мо барои ҳамкории бештар даъват мекунам. Об – захираи умумист ва биёед онро оқилонатар истифода барем”

Дабири кулли Созмони Милал, ки як мулоқоти ҷудогона бо нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов низ анҷом дод, дар изҳороте аз ӯ ва Тоҷикистон барои нақши ин кишвар дар эълони Соли Байнулмилалии Ҳамкорӣ Барои Об сипосгузорӣ кард. Қарор аст, анҷумани асосии ин тарҳ дар моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Бан Ки Мун ва Оқил Оқилов ҳамчунин масъалаҳои марбут ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва коҳиши хатарҳои зистмуҳитӣ дар минтақаро баҳс карданд.

Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ дар Ню-Йорк, Куртнӣ Брукс, дар муколамаи ҳаштсоата баҳсҳо оид ба мушкилот ва имконоти ҳамкорӣ дар бахши захоири об ва стратегияи баъд аз соли 2015, замоне, ки кишварҳо барои расидан ба ҳадафҳои “Рушди Ҳазора” талош мекунанд, сурат гирифтанд. Яке аз ҳадафҳои барномаи “Рушди Ҳазора” – таъмини дастрасӣ ба об ба ҳадди аққал нисфи мардумаст, ки то ҳол аз набудани оби пок азият мекашанд. Ва аммо, бархе мутахассион мегӯянд, ки ба ин ҳадаф фақт соли 2075 метавон расид. Ҳамзамон ҳадс зада мешавад, ки мушкили дастрасӣ ба об шояд дар баъзе манотиқ, аз ҷумла, Ховари Миёна ва Осиё боиси низоъҳои мусаллаҳона гардад.

Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ба унвони раиси Кумитаи тадорукотии муколамаи Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ кард.ва аз ҷумла гуфт, ки "Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ барои ҳамсояҳо дар бахши об мушкил эҷод нахоҳад кард". Аммо ҳамзамон, афзуд ӯ, Тоҷикистон татбиқи тарҳҳои худ барои бунёди нерӯгоҳҳоро идома хоҳад дод, зеро иқтисоди кишвар ва мардум ба нерӯи барқ шадидан ниёз доранд.

Нахуствазири Тоҷикистон ба он нукта ҳам ишора кард, ки ҳамасола об боиси харобиҳои зиёд мешавад ва бар асари он дар Тоҷикистон одамони зиёде талаф шуда, теъдоди бузурги одамон бесарпаноҳ мемонанд.

Оқил Оқилов ба обшавии пиряхҳо бар асари гармшавии иқлим ҳам ишора кард ва гуфт, ки тайи 30-40 соли ахир тақрибан 35 дар сади пиряхҳо об шуданд ва ин дар ҳоле, ки 60 дар сади захираи оби минтақа дар кӯҳистони Тоҷикистон ташаккул меёбад. Ӯ афзуд, ки баҳси марбут ба захоири об рӯзҳои 20-22 августи соли равон дар конфaронси байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе идома хоҳад кард.

Мавзеъгирии Узбакистонро дар ҳамоиши мазкур сафири ин кишвар дар СММ Дилёр Ҳакимов баён намуд. Вай гуфт, истифодаи об дар минтақа бояд бо назардошти ҳифзи ҳавзаҳои экологии рӯдхонаҳо ва эҳтиёт аз офатҳои табиӣ сурат гирад. Ӯ ҳамчунин аз пайомадҳои баргаштнопазири тағйири иқлим ва фоҷиаи Баҳри Арал ёд кард. "Яке аз бадтарин бӯҳронҳо фоҷиаи Арал мебошад, ки дар фосилаи бисёр кӯтоҳи таърихӣ аз як обанбори бузурги табиии ҷаҳон ба Аралқум, биёбони бузург табдил шуд."

Дар ин замина намояндаи Узбакистон ба зарурати ҳамкории наздиктар ва ҷустуҷӯи ризоияти байни кишварҳои минтақа ба хотири истифодаи оқилонаи об даъват намуд.

Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об ҳамчунин вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҷон Керрӣ дар изҳороте аз кишварҳои олам хост, обро ҳамчун мояи сулҳу ҳамкорӣ истифода кунанд. Вай ҳушдор дод, ки дар 10 соли оянда мумкин аст, бархе аз кишварҳо бо мушкили шадиди об рӯбарӯ шаванд. "Бархе аз кишварҳо аз камбуди об дар тавлиди озуқа ва бархи дигар энержӣ ба сахтиҳо мувоҷеҳ хоҳанд шуд, ки ин ба бозори хӯроквориро дар баробари шикаст ва рушди иқтисодиро дар муқобили заъф қарор хоҳад дод."

Моҳи декабри соли 2012 Маҷмаи Умумии СММ бо ибтикори Тоҷикистон қатъномаеро бо номи “Тасдиқи соли байналмиллалии ҳамкориҳо дар соҳаи об” ба тасвиб расонда буд. Ба гуфтаи масъулини намояндагии Тоҷикистон дар СММ, он вақт кишварҳои поёноб Қазоқистон ва Туркманистон аз ин қатънома ҳимоят карданд ва ҳатто роҷеъ ба баъзе масъалаҳо муаллифи қатънома низ дониста мешаванд. Аммо Узбакистон аз оғоз то ҳол роҷеъ ба истифодаи об ва захоири энержии обӣ ба пешниҳодҳои кишварҳои болооб Тоҷикистону Қирғизистон мухолифат нишон додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG