Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" ҷоми олиро ҳам ба даст овард


Ҷоми олии футболи Тоҷикистонро «Равшан»-и Кӯлоб ба даст овард. Қаҳрамони мусобиқоти порсолаи футболи Тоҷикистон имрӯз дар варзишгоҳи Кӯлоб бар барандаи ҷоми соли 2012 – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Тӯбҳои «Равшан»-ро легионерҳои африқоиаш Саламон Течӣ дар дақиқаи 19 ва Тиқо дар дақиқаи 44 заданд. Легионери «Регар» Сардорбек Эминов дар замони изофӣ тавонист як гол бизанад. Сармураббии «Равшан» Маъруф Рустамов баъди анҷоми бозӣ ба Озодӣ гуфт, ки онҳо ин пирӯзиро ба спонсори «Равшан» Муҳаммадзоҳир Соҳибов- яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон – мебахшанд, ки дар ҳамин рӯз соҳиби фарзанд шудааст.
Ҷоми олии Тоҷикистон соли 2010 таъсис ёфта, се навбати аввал ин ҷоизаро «Истиқлол»-и Душанбе бурдааст.
XS
SM
MD
LG