Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенатор ва духтари Каримов маризии ӯро рад карданд


Ислом Каримов
Ислом Каримов
Як сенатори узбак хабарҳо дар бораи маризии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримовро радд кард. Вакили маҷлиси болоии парлумони Узбакистон Светлана Ортиқова имрӯз ба Озодӣ гуфт, вазъи Каримов олист ва ӯ метавонад дар иҷлоси рӯзи 28 марти Сенат ширкат кунад. Сомонаҳои марбут ба мухолифини узбак гузориш додаанд, ки Каримов ҳафтаи гузашта ба сактаи ҷиддии қалб дучор шудааст. Ин сомонаҳо дирӯз бо такя ба манобеъе дар дохили ҳукумати Узбакистон вазъи Каримовро “сангин” ба қалам доданд. Аммо Гулнора Каримова – духтари президент – дар саҳифааш дар Twitter навишт, ҳар касе ки мегӯяд, падари ӯ мариз аст, “бояд девона бошад.” Гулнора таъкид кард, ки телевизион ҳафтаи гузашта қариб 20 дақиқа рақсидани Каримов дар ҷашни Наврӯз дар Тошкандро намоиш дода буд. Каримови 75-сола, раҳбари собиқи ҳизби коммунист, инак қариб 25 сол боз бар Узбакистон ҳукумат меронад.
XS
SM
MD
LG