Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудия: "Ҳалқаи ҷосусӣ ба нафъи Эрон кор мекард"


Арабистони Саудӣ мегӯяд, гурӯҳе, ки ҳафтае пеш бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуданд, барои Эрон кор мекардаанд. Вазорати умури дохилии ин кишвар рӯзи сешанбе гуфт, ки 18 нафаре, ки рӯзи 19 март дар чанде аз шаҳрҳои Арабистони Саудӣ боздошт шуданд, бо хадамоти иттилоотии Эрон “иртиботи мустақим” доштаанд. Ба гуфтаи вазорат, далелҳои собит дар ин замина дорад ва ҳам аъзои гурӯҳ эътироф кардаанд, ки аз Эрон дар ивази иттилоъот дар бораи манотиқи муҳими дар ин шоҳигарӣ пул мегирифтанд. Ба ин ҳалқа ба гуфтаи мақомоти саудӣ, як шаҳрванди Эрон, як лубнонӣ ва 16 шаҳрванди худи Арабистони Саудӣ шомил будаанд. Эрон рӯзи якшанбе иддаъоҳо дар бораи ҷосусӣ дар Саудияро рад кард.
XS
SM
MD
LG