Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як худкушӣ дар шимоли Тоҷикистон


Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Хуҷанд ҷасади ба дор овехтаи як соҳибкорро аз манзилаш пайдо кардаанд. Мақомоти умури дохилаи вилояти Суғд ба «Азия Плюс» гуфтаанд, ки дар бадани О.К. аломатҳои марги иҷборӣ дида намешуд ва ӯ зоҳиран худкушӣ кардааст. Тафтишот қазияро таҳқиқ мекунад. Танҳо дар як ҳафтаи охир дар вилояти Суғд 5 мавриди худкушӣ сабт шуда, дар ду моҳи аввали сол дар ин вилоят 37 нафар ба ҷони худ қасд кардаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 458 мавриди худкушӣ сабт шуда буд, ки нисфаш дар Суғд иттифоқ уфтодааст.
XS
SM
MD
LG