Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Русия мехоҳад артиши Тоҷикистонро қавӣ бубинад?


Валерий Герасимов, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия.
Валерий Герасимов, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия.

Мақоми низомии аршади Русия мегӯяд, дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ кишвараш бо Тоҷикистон мавқеи муштарак дорад.

Валерий Герасимов, сарвари Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, ки пас аз мулоқот бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон ва ҳамтои тоҷикаш Рамил Нодиров сӯҳбат мекард, гуфт, бо мақомоти Тоҷикистон амнияти минтақа ва кӯмакҳои низомиро баррасӣ кардааст:

«Музокироти мо ҷузъиёти зиёд ва гуногун дорад, ки баёнашонро ҳоло зарур намеҳисобам. Мо ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кӯмакҳои фанниву низомӣ мекунем. Ва ҳар кореро, ки барои амнияти ин минтақа зарур аст, муштарак анҷом медиҳем.»

Рамил Нодиров
Рамил Нодиров
Рамил Нодиров, сарвари Ситоди артиши Тоҷикистон, гуфт, баҳси онҳо иҷрои Созишномаи шароити будубоши пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистонро низ фаро мегирифт: «Ин вазифаи мост, ки дар сатҳи гурӯҳи корӣ ва ду ниҳоди низомӣ, ситодҳои кулли артишҳои ду кишвар он созишномаҳоеро, ки миёни сарфармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи Русияву Тоҷикистон дар масъалаи мақом ва шароити будубоши пойгоҳи 201 ба имзо расидаанд, иҷро кунем.»

Созишномаи мақом ва шароити будубоши пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ҳанӯз 5 октябри соли 2012 ба имзо расида буд. Аммо вақте мақомот ҳанӯз ҳам мегӯянд, ки ин Созишнома мавзӯи баҳси ҷонибҳо аст, ба қавли як манбаи наздик ба музокирот, ин баҳси худи санад нест, балки баҳси кумакҳои низомӣ аст.

Қаблан Владимир Путин, президенти Русия, эълон дошта буд, ки кишвараш ба Қирғизистон 1,1 миллиард ва ба Тоҷикистон 400 миллион доллар кӯмаки низомӣ хоҳад кард. Ин 400 миллион ҳам ба ду тақсим мешуд – 200 миллион сирф кӯмаки низомӣ ва ҳамин қадар аз ҳисоби боҷи гумрукӣ барои маводи нафтӣ.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, Русияву Тоҷикистон акнун пеши дигар вазъ қарор доранд ва тибқи мувофиқаҳои ахир сухан дар бораи 300 миллион доллар кӯмаки низомӣ меравад, ки ҳомили силоҳу муҳимот ва ҷангандаҳои ҷадиди низомии Русия барои Тоҷикистон хоҳад буд.

Зимнан, Институти байналмилалии мутолаоти стратегӣ мақарраш дар Бритониё дар гузориши навбатиаш таҳти унвони «Тавозуни низомӣ – 2013» мегӯяд, Тоҷикистон 105 миллион доллар буҷаи низомӣ дорад ва ин маблағро асосан барои муҳимот ва модернсозии артишу милиса ва нерӯҳои марзӣ истифода мебарад. Аз рӯи ин гузориш, ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ҳудуди 16 ҳазор сарбозу афсарро дарбар мегиранд ва ин кишвар ҳамагӣ 37 танк, 23 БМП, 23 БТР, 5 тайёраву 4 чархболи вазнин ва 11 чархболи сабук дорад. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки бино ба ин гузориш, пойгоҳи 201-и Русия қариб даҳ баробар бештар аз артиши Тоҷикистон силоҳу муҳимот ва техникаи низомӣ доштааст.

Аммо суол ин ҷост, ки то куҷо Русия мехоҳад артиши Тоҷикистонро қавӣ бинад?

Коршинос Амруллоҳи Собир мегӯяд, Кремл то ҷое мехоҳад шарикашро дар Осиёи Марказӣ қавӣ кунад, вагарна ин корро рақибонаш хоҳанд кард: «Акнун Русия хатоҳои худро фаҳмидааст. Инро фаҳмидааст, ки шарики стратегиаш наметавонад чунин заъф дошта бошад. Бахусус, ба ин сабаб, ки 20 соли ахир танҳо ваъда дод, аммо кореро дар масъалаи таъмини техникӣ дар амал накард.»

Нуралишо Назаров
Нуралишо Назаров
Дар гузориши «Тавозуни низомӣ – 2013» омадааст, ки дар Осиёи Марказӣ тавони низомии Узбакистон аз Қазоқистон поён рафт. Аммо ин бо шурӯи берунравии нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон метавонад боз иваз шавад, бахусус, агар ҳарфҳо дар бораи дар ихтиёри Узбакистон гузоштани тамоми аслиҳа ва техникаи низомии НАТО аз гумон ба яқин табдил ёбанд. Аммо коршиносон мегӯянд, НАТО ҳеҷ гоҳ ин қадар силоҳу муҳимотро дар ихтиёри кишваре нахоҳад гузошт, ки арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсонро эҳтиром намекунад ва бо ҳамсоягон баҳсҳои марзӣ дорад.

Нуралишоҳ Назаров, фармондеҳи собиқи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, мегӯяд, дар асл ин ҳама як бозии бузурги сиёсист, ки номафҳумиҳои зиёд дорад, бахусус, равобити Русияву Узбакистон: «Баланд рафтани қудрати низомии Узбакистон барои Русия ҳам хатарнок аст. Нерӯҳои НАТО аз ҳар кишваре, ки бароянд, хоҳ Узбакистон бошаду хоҳ Туркманистон, таҷҳизотеро дар ихтиёри онҳо мегузоранд. Аммо ҳоло худи муносибати Русияву Узбакистон номуайян аст, рӯшан нест.»

Ба ҳамин минвол, сафари ҳайати низомии Русия ба Тоҷикистон бо таъсиси гурӯҳи корие анҷом мешавад, ки сарвариашро Валерий Герасимов ва Рамил Нодиров, фармондеҳони ситодҳои кулли артишҳои ду кишвар ба зимма доранд. Ин гурӯҳ бояд дар се марҳала масъалаи кӯмаки низомии Русияро ба Тоҷикистон ҳал кунад.
XS
SM
MD
LG