Пайвандҳои дастрасӣ

Шувалов аз Маскав бо чӣ меояд?


Игор Шувалов дар канори раисиҷумҳури Русия Владимир Путин

Игор Шувалов дар канори раисиҷумҳури Русия Владимир Путин

Душанбе ҳафтаи оянда мизбони як ҳайъати муҳим аз Маскав хоҳад шуд.

Муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов шаби 11 феврал вориди Душанбе хоҳад шуд. Шувалов дар раъси ҳайъати давлатии кишвараш рӯзи 13-уми феврал дар иҷлоси навбатии куммиссиюни байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия ширкат хоҳад кард. Рӯзи 12 феврал, яъне қабл аз оғози ин иҷлос, мулоқотҳои Шувалов бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазир Оқил Оқилов низ пешбинӣ шудааст.

Ношири ин хабар - хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли манобеъаш дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки қарор аст, дар иҷлоси куммиссиюни ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия як силсила қарордодҳое имзо шаванд, ки пиромунаш дар музокироти рӯзи 5 октябри соли 2012 байни руасои ин ду ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Душанбе тавофуқ шуда буд.

Душанбе дар моҳи октябр созишномаи тамдиди замони будубоши пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистонро имзо кард, ки бар асоси он, ин пойгоҳ ҳаққи мондан дар Тоҷикистон дастикам то соли 2042-ро ба даст овард. Душанбе ҳамчунин ба афсарону сарбозони пойгоҳи 201 ҳаққи масуният дод ва аз тақозои қабилаш, ки бино ба хабарҳо, аз Русия барои пойгоҳаш чизе дар ҳудуди 250 миллион доллар пули иҷора мехост, даст кашид.

Ҷониби Русия дар ивази чунин гузашти бузурги Тоҷикистон розӣ шуд, барои муҳоҷирони тоҷик дар қаламраваш як миқдор сабукиҳо дода, боҷу хироҷи гумрукиеро, ки дар соли 2010 болои содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистон эъмол карда буд, бардорад. Аз ҷумла қарор аст, замони будубоши бидуни сабти номи шаҳрвандони тоҷик дар Русия аз 3 рӯзи феълӣ то 15 рӯз расонда шуда, ба онҳо ҳаққи дарёфти муҷаввизи кор барои чанд сол дода шавад.

Эҷоди осониҳо барои муҳоҷиронаш барои давлати Тоҷикистон фавқулодда муҳим аст, зеро аробаи рӯзгори аксари хонаводаҳо дар ин кишвар аз ҳисоби пули муҳоҷиронест, ки асосан дар Русия кор мекунанд. Фақат дар соли 2012 ва асосан тавассути ин муҳоҷирон ба Тоҷикистон 3,8 миллиард доллар таҳвил шудааст, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар аст. Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, дар масъалаи муҳоҷират тавофуқоти усулӣ байни Душанбеву Маскав зоҳиран ба даст омадааст ва монеаи ҷиддие дар роҳи имзои қарордод дар масъалаи муҳоҷират байни Тоҷикистону Русия вуҷуд надорад.


Вазири энерживу саноати Тоҷикистон Шералӣ Гул

Вазири энерживу саноати Тоҷикистон Шералӣ Гул

Аммо музокироти мавзӯъи боҷи эъмолшуда ба содироти маводи сӯхти Русия ба Тоҷикистон, ки мебоист то 1 ноябр ҳалл шавад, тӯл кашид. Ҷониби Русия, бино ба хабарҳо, мухолифи лағви чунин боҷ барои маводи сӯхтест, ки бо ҳадафи фурӯши дубора ба кишварҳои севум ворид мешавад. Ба ин далел, Маскав аз Душанбе хост, то ниёзи солонааш ба маводи сӯхтро мушаххас кунад. Вазири энерживу саноати Тоҷикистон Шералӣ Гул ахиран хабар дод, ки Душанбе ин шарти Русияро ҳам пазируфтааст. Ва агар дар ҷараёни боздиди Шувалов, қарордоди харидуфурӯши маводи сӯхт ҳам имзо шавад, зоҳиран фақат наздики 1 миллион тонна бензину солярка ва анвоъи дигари маводи сӯхтеро дар бар хоҳад гирифт, ки Душанбе ҳамчун ниёзи солонаи худ ба маводи сӯхт баршумурдааст.

Бо ин ҳол, мақомоти Тоҷикистон дар нишастҳои ахири хабарии худ эълом карданд, ки лағви боҷи гумрукии Русия коҳиши чашмгири қимати маводи сӯхт дар бозори ин кишварро дар пай нахоҳад дошт, зерои Душанбе дар пайи лағви боҷи Русия қасд дорад, болои маводи сӯхти ворида андози аксизӣ ҷорӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG