Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Русия барои бекор кардани боҷи гумрукии маводи сӯхти Русия бенатиҷа ба поён расид.

Аз он ҷо, ки масъала ҳалли худро наёфт, тарафҳо қарор карданд, гуфтушунидро дар нимаи дувуми ноябр идома диҳанд.

Бек Аҳмадов, сардори Идораи фаровардаҳои нафтии Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ва узви ҳайати музокиракунандаи ин кишвар ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди ризоияти умумӣ, ҷонибҳо дар бандҳои алоҳидаи ин созишнома ба тавофуқ нарасиданд: “Дар меморандум навишта шуда буд, ки то якуми ноябр санадҳо барои имзо тайёр мешаванд. Мо ҳаминро то ҳоло тайёр карда натавонистем. То имрӯз ҳал нашуд. Онҷо сездаҳ модда аст, ки ҳалли худро наёфт. Мувофақа карда натавонистем.»

Сардори Идораи фаровардаҳои нафтии Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон нахост, ҷузъиёти бештари баҳсу ихтилофи назари ҷонибҳоро ифшо кунад. Вале таъкид кард, ки ҳар яке аз сездаҳ банди лоиҳаро ҳайатҳо аз нигоҳи манфиатҳои давлати худ баррасӣ кардаанд.

Ҷаноби Аҳмадов афзуд, дар масъалаи коҳиши боҷи гумрукӣ ва ҳаҷми маҳсулоти нафтии воридотӣ аз Русия ҷонибҳо ба созиш расиданд. Аммо боз ҳам масоиле боқист, ки тарафҳо рӯи он иттифоқи назар надоранд. Вале ҷаноби Аҳмадов сару садоҳоро, ки гӯё тарафи Русия талош дорад, бахши бештари бозори маводи сӯхтро ба ширкати “Газпром”-и Русия вогузор кунад, бепоя хонд.

Ин дар ҳолест, ки масъулони ширкатҳои дигари воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ва ҳамчунин бархе аз огоҳони умур маҳз ҳамин паҳлӯи масъаларо монеаи асосии то ҳоло бекор нашудани боҷи гумрукии Русия барои Тоҷикистон меҳисобанд.

Саймиддин Дӯстов, коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, Тоҷикистон бар ивази ройгон тамдид кардани мӯҳлати ҳузури пойгоҳи Русия дар қаламрави худ бекор кардани боҷи гумрукӣ барои фаровардаҳои нафтӣ ва рафъи бархе аз мушкилоти ҳуқуқии буду боши муҳоҷирони кори худро талаб дошт. Аммо Русия ин навбат низ ба хостаҳои Тоҷикистон камтарин эътиборро қоил нашуд:

«Бо назардошти онки таъйинкунандаи қиматҳо дар бозори Тоҷикистон ширкати «ГазпромнефтТоҷикистон» аст ва ин ширкат сад дар сад моли «Газпромнефт»-и Русия мебошад, албатта ин масъаларо ҷониби Русия ба инобат нагирифта наметавонад. Ман ба он боварам, ки ҳамон лаҳза, ки роҳбарияти «Газпромнефт Тоҷикистон» дар шахси Фарҳод Мирзоев бо Гул Шералӣ, вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон маслиҳатҳояшро пухт ҷониби Русия низ ин қарордодро ба имзо мерасонад. Ҳадс задан ҳам имкон дорад, ки шояд Кремл мехоҳад ба муҳити сиёсии Тоҷикистон як мессеҷ ё ишорае кунад, ки ҳатто дар ин масъалаҳо мо бо ҳукумати феълӣ гуфтугузор ва ё гузаштҳое кардан намехоҳем.»

Бо ин ҳама Бек Аҳмадов, сардори Идораи фаровардаҳои нафтии Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ва узви ҳайати музокиракунандаи ин кишвар гуфт, ҳайати Русия пешниҳодҳои Тоҷикистонро бо худ ба Маскав бурд, то баррасӣ кунад. Зеро тасмими ниҳоии рад ва қабули ин пешниҳодҳо дар сатҳи болотари ҳукуматҳо гирифта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки мебоист дар гуфтушуниди се рӯзи охир дар шаҳри Душанбе масъалаи лағви боҷи гумрукии маҳсулоти нафтии Русия ҳалли комили худро пайдо мекард. Бино бар меморандуме, ки дар ҳузури президентҳои ду кишвар дар аввали моҳи гузашта ба имзо расид, қарордоди мазкур мебоиcт то якуми ноябри соли ҷорӣ ба имзо мерасид.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG