Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров «мушкилот» - и созишҳои Путину Раҳмонро баҳс мекунад


Сергей Лавров

Сергей Лавров

Вазорати хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 17-уми январ Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия ба Душанбе меояд.

Ба иттилои масъулони вазорати хориҷии Тоҷикистон дар доираи сафари Сергей Лавров ба Душанбе, музокироти ӯ бо Ҳамрохон Зарифӣ, ҳамтои тоҷикаш ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар назар аст.

Манбаъ мегӯяд, мавзӯи асосии музокирот татбиқи созишҳои моҳи октябри соли 2012-ум аст, ки дар ҷараёни сафари Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба Тоҷикистон ҳосил гардиданд. Дар ҷараёни сафари Путин ба Тоҷикистон чанд санади ҳамкорӣ, аз ҷумла дар масоили марбут ба муҳоҷират, барҳам додани боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия ва тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо расиданд.

Қарор буд сар аз 1-уми январи соли 2013 ин созишномаҳо вориди амал шаванд, ки бинобар бархе "мушкилиҳо" ба таъхир афтодааст. Бисёриҳо интизор доштанд, ки созишҳои мазкур дар ивази идомаи ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон, ба шаҳрвандони тоҷик сабукиҳое хоҳанд овард.

Барои намуна, бино ба ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Русия ва Тоҷикистон, бояд Созишномаи интиқоли маводи нафтӣ ба имзо мерасид ва боҷи гумрукӣ аз фаровардаҳои нафтии Русия бардошта мешуд. Ҳуҷҷати дигар Созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия буд, ки бояд пас аз 1 январ ба ҳукми қонун медаромад. Ҳафтаи гузашта ҳукумати Русия ба Владимир Путин пешниҳод кард, то ба созишнома дар бораи ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия имзо гузорад. Бар асоси тарҳи ин созишнома мӯҳлати сабти барои иқомат аз 7 рӯз ба 15 рӯз тамдид шуда, мӯҳлати иҷозаи кор то ба 3 сол афзоиш ёфт.

Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯянд, Созишномаи интиқоли маводи нафтӣ дар ҳоли ҳозир омода шуда, бо ҷониби Русия мувофиқа мешавад. Дар раёсати ҳамкориҳои хориҷии вазорат ба «Озодӣ» гуфтанд, ки он чӣ марбути ин раёсат буд, яъне омода кардани худи санад анҷом ёфта, ҳоло тарҳ дар раёсатҳои дигар баррасӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG