Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи 201-ум дар ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дармондааст


Матни шартнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон
Матни шартнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон Созишнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-уми Русияро, ки тақрибан чаҳор моҳи пеш имзо шуд, барои тасвиб ба порлумон пешниҳод накардааст.

Дар ду кумитаи Маҷлиси Намояндагон гуфтанд, ҳанӯз санади мазкур барои баррасӣ ва тасвиб ба дасти онҳо нарасидааст. Зоҳиран ҳукумати Русия ҳам шитоб надорад, ки дар Думаи давлатӣ мегӯянд, созишнома дар бораи тамдиди ҳузури бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз ин кишварро надидаанд.

Сӯҳроб Шарипов, вакили мардумӣ ва узви Кумитаи корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар Маҷлиси Намояндагон, рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пешниҳоди созишномаи мазкур барои тасвиб ба парлумон салоҳияти ҳукумат аст ва ин санад то кунун барои баррасӣ ба Маҷлиси Намояндагон нарасидааст.

Саттор Холов, муовини раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шояд бинобар расмиёти дохилӣ дар ҳукумат санади мазкур барои тасвиб пешниҳод нашудааст.

Иван Михайлюк, раиси дастгоҳи Кумитаи равобит бо кишварҳои муштаракулманофеъ дар Думаи Давлатии Русия низ ба Радиои Озодӣ гуфт, “агарчӣ ин санад бояд барвақт барои тасвиб пешниҳод мешуд, аммо ҳанӯз ҳам ба дасти онҳо нарасидааст.” Ӯ низ гуфт, ки шояд бинобар расмиёти дохилӣ дар ҳукумат санади мазкурро ба Думаи Давлатӣ нафиристодаанд.

Бар асоси Созишнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки баъди кашмакашу музокироти тӯлонӣ миёни ду кишвар моҳи октябри соли 2012 имзо шуд, пойгоҳи Русия бо тақрибан 7 ҳазор сарбози худ то 30 соли дигар, яъне то соли 2042 дар Тоҷикистон мемонад. Бо вуҷуди онки мӯҳлати ҳузури пойгоҳ то охири соли 2014 ба поён мерасад, ҷонибҳо санади мазкурро тасвиб накардаанд.

Русия ваъда додааст, ки дар ивази ҳузури ройгони пойгоҳаш дар Тоҷикистон ба ин кишвар имтиёзҳои иқтисодӣ медиҳад ва аз ҷумла маводи сӯхтро бо нархи арзонтаре ба Тоҷикистон мефурӯшад. Аммо то кунун созишнома дар ин маврид бинобар ихтилофоти амиқи назар байни ду тараф имзо нашудааст. Танҳо аҳде, ки Русия ба он вафо кардааст, сабукӣ барои муҳоҷирони корӣ аст, ки ҳақ медиҳад, то 15 рӯз бидуни сабти ном дар Русия бимонанд.

Дигар ваъдаи Русия кӯмак барои таҷҳизу мусаллаҳ кардани артиши миллии Тоҷикистон буд, ки ба гуфтаи Суҳроб Шарипов ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст, Созишнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон баъди ҳал шудани ин масъала ва имзои созишнома дар бораи воридоти маводи сӯхти русӣ барои тасвиб ба порлумон пешниҳод шавад. Қарор аст, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, фардо вориди Душанбе шавад ва интизор меравад, масоили ҳалношуда дар миёни кишвар ва бахусус масъалаи тасвиби созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи 201-умро бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Ҳамрохон Зарифӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон баррасӣ намояд.

Масъалаи муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия яке аз мавзӯъҳои дигари мавриди баҳси ҷонибҳо хоҳад буд. Дар талоше барои нарм кардани мавзеъгирии Тоҷикистон ҳукумати Русия ҳафтаи гузашта тарҳи санаде дар бораи ҳузури муҳоҷирони тоҷикро тасвиб карда ва барои имзо ба раисиҷумҳур, Владимир Путин пешниҳод кардааст.

Муҳоҷирони тоҷик, ки бояд дар муддати се рӯз дар Русия худро сабти расмӣ кунанд, дар сурати тасвиби санади мазкур барои ин кор 15 рӯз мӯҳлат хоҳанд дошт.

Маросими имзои созишнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201 -уми Русия дар Тоҷикистон (моҳи октябри соли 2012)

Пойгоҳи 201-и Русия 30 соли дигар мемонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00
XS
SM
MD
LG