Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати хориҷаи Русия дар сомонаи худ матни созишномаи Тоҷикистону Русия дар мавриди тамдиди замони будубоши пойгоҳи низомии 201-умро нашр кард.

Дар банди чоруми ин созишнома гуфта мешавад, ки дар давраи ташаннуҷи вазъи низомиву сиёсӣ дар минтақа, таҳдид ба истиқлол, ҳамчунин ҳамла алайҳи Тоҷикистон аз ҷониби ягон кишвар (гурӯҳи кишварҳо), созмонҳои террористӣ ва ё гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ воҳидҳои пойгоҳи 201 ва нирӯҳои дигари Русия метавонанд бар асоси мувофиқати фармондеҳони олӣ ва қонунгузории ҷонибҳо вориди амал шаванд. Фармондеҳи пойгоҳи Русия, ҳамин тавр, ҳаққ дорад, дар сурати таҳдиди амали террористӣ ҷиҳати истифодаи нирӯҳояш барои дифоъ аз ин пойгоҳ тасмим бигирад, вале бо хабардор кардани ниҳоди масъул аз ҷониби Тоҷикистон. Дар матни “Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон” гуфта мешавад, ки ҷонибҳо тартиби истифода ва идораи нирӯҳои пойгоҳи 201 дар чунин ҳолотро дар як санади алоҳида мушаххас хоҳанд кард.


Бар асоси “Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҷониби Русия ҳамчунин ӯҳдадор шудааст, воҳидҳои пойгоҳи 201-умро дар давоми 5 соли оянда аз ҳудуди шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ба берун бикӯчонад.


Аммо бар хилофи иддаои Дмитрий Ушаков - ёвари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, ки гуфта буд, созишномаи имзошуда ба сарбозону афсарони пойгоҳи 201 ва аҳли хонаводаи онҳо мақоми дипломатии ҳамвазни паймони Вена дар бораи масунияти дипломатҳоро медиҳад, дар банди 13-уми созишнома масунияти ин афрод зикр шудааст, вале ба ҳадди хеле камтар. Дар матн омадааст, ки бидуни ризоияти ҷониби Русия ходимони пойгоҳ ва аъзои хонаводаи онҳо набояд боздошт шаванд, ило агар онҳоро дар ҷои ҳодиса дастгир кунанд. Дар чунин сурат ҷониби Тоҷикистон муваззаф мешавад, ҷониби Русияро билофосила хабардор кунанд. Созишнома ходимони пойгоҳи 201 ва пайвандони онҳоро аз масъулияти ҷиноиву маъмурӣ ва шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин аз масъулияти даъват ба ҳайси шоҳид озод мекунад, вале ба истиснои даъвоҳои молумулкиву тиҷорӣ ва қазияҳои марбут ба садамаҳои нақлиётӣ, куштор ё расондани осеб.

Дар банди 11-уми созишнома омадааст, ки ҷониби Тоҷикистон пойгоҳи Русияро бо нирӯи барқ, об, хутути мухобирот ва дигар васоили коммуналиву маишӣ таъмин мекуна ва ҷониби Русия ӯҳдадор мешавад, пули ин ҳама хадамот ва ҳам пардохтҳои марбут ба олудашавии муҳити зист ва истифодаи манобеъи табииро пардохт кунад. Аммо дар ин бора, ки оё ҷониби Русия ба Душанбе барои ин пойгоҳ пуле барои иҷора пардохт хоҳад кард ё на, чизе гуфта нашудааст. Ин дар ҳолест ки қаблан гуфта мешуд, ки Душанбе дар ивази тамдиди замони ҳузури ин пойгоҳ солона дар ҳудуди 250 миллион доллар пули иҷора мехоҳад.



Пойгоҳи 201 қариб 7 000 сарбозу афсар дошта, воҳидҳои низомиаш дар Душанбе ва Кӯлобу Қӯрғонтеппа мустақар шудаанд. “Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯзи 5 октябри соли равон дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз Душанбе имзо шуд. Ин қарордод замони будубоши пойгоҳи Русия дар Тоҷикистонро дастикам то соли 2042 тамдид мекунад. Аммо дар банди ниҳоии ин созишномаи иборат аз 22 банд зикр шудааст, ки созишнома метавонад дар асоси тавофуқи тарафайн пеш аз мӯҳлат ҳам қатъ карда шавад. Дар чунин сурат, билофосила ба дунболи хабардор кардани ҷониби дигар, куммиссиюни байнидавлатие ташкил хоҳад шуд, ки тартиб, ҷадвали замонӣ ва шароити хуруҷи пойгоҳи низомии Русия аз қаламрави Тоҷикистонро муайян хоҳад кард.

Ин созишнома танҳо баъди тасвиб шуданаш дар парлумонҳои ҳарду кишвар ба ҳукми иҷро медарояд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG