Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо дучор шуд


Дар ҳошияи нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо
Дар ҳошияи нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо
Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Эрон барои нақзи ҳуқуқи башар таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Дар нишасти вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви ин иттиҳодия, ки рӯзи душанбе дар Бруссел баргузор шуд, эълон карданд, ки 9 нафар аз мақомоти Эрон аз сафар ба кишварҳои узви иттиҳодия маҳрум мешаванд ва дороии онҳо дар қаламрави ин кишварҳо барои истифода дастнорас хоҳад шуд.

Баъд аз таҳримҳои нав акнун шумораи ононе, ки аз ҳукумати Эрон наметавонанд ба Аврупо сафар кунанд, ба 87 нафар расид.

Ин таҳримҳо то 13 апрели соли 2014 эътибор хоҳад дошт. Интизор меравад, ки номҳои нави афроде, ки ба таҳрим дучор шуданд, имрӯз, сешанбе эълон шавад.
XS
SM
MD
LG