Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири нави мудофиаи ИМА ба Афғонистон рафтааст


Чак Ҳейгел
Чак Ҳейгел
Вазири мудофиаи ИМА Чак Ҳейгел бидуни эълони пешакӣ ба Афғонистон сафар кардааст. Ин аввалин зиёрати ӯ аз Афғонистон дар мансаби вазири мудофиа мебошад. Ҳейгел гуфтааст, дар ҳоле ки паймони НАТО ба интиқоли масъулиятҳои амниятӣ бар дӯши афғонҳо омодагӣ мегирад, масъалаи зиёде бояд ҳал шавад. Ҳейгел ёдовар шудааст, ки ҷанг дар Афғонистон ҳоло хотима наёфтааст ва кишварҳои узви эътилоф бояд рӯи он тамаркуз намоянд. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Ҳейгел ҳамчунон гуфтааст, ки аснои мулоқот бо президенти афғон Ҳомиди Карзай сабабҳои ихроҷи сарбозони таъйиноти хоси ИМА аз вилояти Вардакро пурсон хоҳад шуд. Чанде пеш президент Карзай ба сарбозони амрикоии мустақар дар вилояти ҷанубии Вардак дастур дод, ки дар ду ҳафтаи оянда аз ин устон берун шаванд. Ба қавли Карзай афғонҳое, ки ҳамроҳ бо сарбозони амрикоӣ будаанд, дар шиканҷаву сӯистифода аз қудрат даст доранд.
XS
SM
MD
LG