Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико коҳиши хароҷот ба иҷро медарояд


Дар Амрико коҳиши автоматии хароҷоти будҷа ба иҷро медарояд, вале раисиҷумҳур Барак Обама барои эълони ин то охирин дақиқаи рӯзи ҷумъа сабр хоҳад кард. Ихтилофи назари Кохи Сафед ва вакилони ҷумҳурихоҳи Конгресс дар мавриди 11,7 триллион доллар қарзи Амрико коҳиши автоматии хароҷотро тақрибан ногузир кардааст. Ин коҳиш аз қонуне бармеояд, ки ду сол пеш ба хотири таҳрики вакилони демократу ҷумҳурихоҳ ба ҷустани тавофуқ дар масъалаи будҷа тасвиб шуда буд. Коҳиши автоматии хароҷот 5 фоиз кам кардани масрафоти ожонсиҳои дохилӣ ва 8 дарсад аз будҷаи Пентагон дар давраи аз 1 март то 1 октябрро дар назар дорад. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ гуфт, Обама барои судури амри коҳиши хароҷот то соати 23:59-и рӯзи ҷумъа сабр хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG