Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав Олланд бо Путин вохӯрд


Владимир Путин ва Франсуа Олланд
Владимир Путин ва Франсуа Олланд
Рӯзи паншанбе дар Маскав президенти Фаронса Франсуа Олланд бо президенти Русия Владимир Путин масъалаҳои байналмилалиро баҳс кард. Олланд ба президенти Русия барои пуштибонӣ аз амалиёти Фаронса дар кишвари африқоии Малӣ ибрози сипос кард:
Шумо аз лаҳзаи аввал амалиёти низомии мо дар кишвари Малиро дастгирӣ намудед, зеро дарк намудед, ки он дар мубориза бо терроризм саҳмгузор аст.
Олланд мегӯяд, аз Gутин дархост хоҳад кард, ки пуштибонии проезиденти Сурия Башор ал-Асадро қатъ кунад. Дар сӯҳбат бо Радиои Эхо Москви Олланд ҳамчунон гуфт, ки аснои зиёрат аз Маскав масъалаҳои марбут бо ҳуқуқи башарро ҳам матраҳ хоҳад кард. Олланд дар моҳи майи соли гузашта президенти Фаронса интихоб шуда буд ва ин аввалин боздиди ӯ аз Русия ба ҳайси президенти Фаронса мебошад.
XS
SM
MD
LG