Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ вазъи Кореяи Шимолиро баҳс мекунад


Ходимони идораи ҳуқуқи башари СММ даъват кардаанд, ки таҳқиқи байналмилалии поймолшавии ҳуқуқи башар дар Кореяи Шимолӣ раҳандоpӣ шавад. Марзуки Дарусман, гузоришгари ҳуқуқи башари СММ дар умури Кореяи Шимолӣ мегӯяд, таҳқиқот бояд поймолшавии сангин, муназзам ва густардаи ҳуқуқи башар дар ин кишвари коммунистиро дар бар гирад.
Дарусман меафзояд, ки ҳангоми арзёбии вазъи Кореяи Шимолӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар таърихи 11-уми март гузориши муфассале дар ин бора пешкаш мекунад.
Гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқ дар моҳи октябр ба мақомоти Пхенян номае фиристода, талаб кард, ки сабаби мавҷудияти урдгоҳҳои корӣ барои маҳбусони сиёсии ин кишварро шарҳ диҳад, вале то ҳол ҷавобе нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG