Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси чор исломии Тунис бо гумони куштори Билъид


Вазири умури дохилии Тунис мегӯяд, чор фарди муттаҳам бо даст доштан дар куштори сиёсатмадори дунявии мухолифи ҳукумат боздошт шудаанд. Рӯзи сешанбе Алӣ Лараиз гуфт, дар айни замон фарди муттаҳам бо куштори Шукрӣ Билъид дастгир нашудааст. Лараиз, ки ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Тунис буда, дар фикри ташкили ҳукумати нави ин кишвар мебошад, илова кард, ки чор боздоштшуда ва муттаҳами панҷуми фирорӣ аъзои гурӯҳи ифротии исломӣ мебошанд. Лараиз номи гурӯҳро ошкор накард. Билъид, ки аз мунаққидони Ҳизби ҳокими наҳзати исломӣ ба шумор мерафт, шашуми феврал дар назди хонааш ба қатл расид. Куштори Билъид боиси эътирозҳои дастаҷамъӣ шуда, Тунисро ба вартаи бӯҳрони сиёсӣ афтонд, ки дар натиҷаи он ҳукумати зери раҳбарии сарвазири исломгарои муътадили Тунис Ҳаммодӣ Ҷиболӣ ба истеъфо рафт.
XS
SM
MD
LG