Пайвандҳои дастрасӣ

Кобул аз ҳимояти ҳавоии эътилоф даст мекашад


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, рӯзи якшанбе фармонеро нашр хоҳад кард, ки тибқи он, дигар ягон нерӯи амниятии афғон, дар ягон ҳолат ҳаққи даъвати ҳимояти ҳавоии нирӯҳои хориҷӣ дар ҷараёни амалиётҳои низомӣ дар рустоҳоро нахоҳад дошт. Ин изҳороти Карзай рӯзи шанбе дар Академияи миллии низомӣ дар ҳоле садо дод, ки бино ба хабарҳо, рӯзи чоршанбе бар асари ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои эътилоф дар вилояти шарқии Кунар 4 ҷангии Толибон ва 10 мулкӣ кушта шуданд. Марги афроди мулкӣ дар амалиётҳои НАТО як мавзӯъи ҳассосест, ки пайваста ба маҳкумияти Карзай рӯбарӯ мешавад.
XS
SM
MD
LG