Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати нав аз Сурия барои поён додан ба ҷанг


Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ аз ҳукумати Сурия ва шӯришиёни мухолифи он хост, ки ба хотири поён додан ба ҷанг дар кишвар “музокироти ҷиддӣ” кунанд. Дар расми хотимаи нишасти дурӯзаи сарони ин созмон дар шаҳри Қоҳира, Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср, гуфт, “Ҳамаи мо мувофиқат, кардем, ки бояд барои поён додан ба фоҷиае, ки мардуми азизи Сурия аз сар мегузаронад, бештар ҷидду ҷаҳд намоем.” Панҷоҳу ҳафт узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ аз ташаббуси Мисру Туркия ва Эрону Арабистони Саудӣ тарафдорӣ карданд, ки мехоҳанд барои музокирот миёни ҳукумати Башор Асад ва мухолифонаш миёнҷигарӣ кунанд. Дар ҷанги тақрибан дусолаи Сурия то кунун 60 ҳазор нафар кушта шудаанд. Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар баёнияи худ аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал хостааст, “масъулиятро ба даст бигирад ва ба хушунату хунрезӣ” хотима бидиҳад.
XS
SM
MD
LG