Пайвандҳои дастрасӣ

Булғористон бомбгузориро кори дасти Ҳизбуллоҳ хонд


Светан Светанов, вазири умури дохилии Булғористон, бомбгузории моҳи июлро амали дасти гурӯҳи тундрави Ҳизбуллоҳи Лубнонро хонд, ки бар асари он бомбгузорӣ панҷ шаҳрванди Исроил ва ронандаи автобус кушта шуданд. Светан Светанов гуфт, дар ин бомбгузорӣ дар шаҳри Бургас се нафар даст доштаанд. Яке аз онҳо шиносномаи австралиягӣ ва дигарӣ шиносномаи ҳақиқии Канадаро доштааст. Ба гуфтаи вазири умури дохилии Булғористон, ин ду нафар узви шохаи ифротии Ҳизбуллоҳ будаанд ва далел вуҷуд дорад, ки онҳо аз ин созмон пул мегирифтаанд. Исроил бомбгузориро кори дасти Ҳизбуллоҳ ва Эрон хонд. Эрон ин иттиҳомотро рад кардааст ва Ҳизбуллоҳ ин иддаъоҳоро ҳам шарҳе надодааст.
XS
SM
MD
LG