Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифшои шабакаи нави интиқоли мухаддирот ба Русия


Кормандони Агентии назорати маводи нашаъовари назди президенти Тоҷикистон садди роҳи интиқоли бештар аз 21 кило маводи мухаддир ба Русия шуданд. Ба иттилои кормандони Агентӣ, ин амалиёт муддати дурудароз тарҳрезӣ мешуд ва ҳаракати як гурӯҳи гумонбар ба ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди пайгирӣ қарор дошт.
Ба иттилои манбаъ ниҳоят, 21 январи соли равон марҳилаи ниҳоии амалиёти мазкур дар қаламрави ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон анҷом гирифт ва дар наздикии деҳаи Ибрат ба гумони қочоқи мухаддирот ду шаҳрванди 27 – солаи Тоҷикистон ва Афғонистон, боздошт гардидаанд.

Манбаъ мегӯяд аз дастгиршудагон ду халтаи полиэтиленӣ ошкор ва мусодира шудааст, ки дар дохилашон 20,5 кило афюн ва наздик ба 1 кило ҳашиш будааст. Кормандони ин ниҳод мегӯянд барои боздошти аъзои дигари ин гуруҳ корҳои тафтишотӣ идома доранд.
XS
SM
MD
LG