Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Лавров дар Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон мулоқот кард


Мулоқоти Лавров бо Э. Раҳмон дар Душанбе
Мулоқоти Лавров бо Э. Раҳмон дар Душанбе
Субҳи имрӯз Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷии Русия дар Душанбе бо ҳамтои тоҷикаш Ҳамроҳхон Зарифӣ, сипас бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот анҷом дод. Дар интиҳои мулоқотҳояш Сергей Лавров ба хабарнигорон гуфт, ки меҳвари сӯҳбатҳои ӯ бо мақомоти Тоҷикистон созиш бар сари қарордодҳои моҳи октябр будааст.

Моҳи октябр раҳбарони Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин Созишномаи шароити будубоши пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон ва ҳамчунин санади ҳусни ният дар бораи муҳоҷират, кӯмакҳои низомӣ ва интиқоли маводи нафтиро имзо карданд.

Аммо бо гузашти қариб панҷ моҳ Созишномаи пойгоҳ ҳанӯз дар порламонҳо баррасӣ нашудааст, Созишномаи шароити будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар ва Созишномаи воридоти маводи нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон, ки қарор буд аз 1 январи соли 2013 ба иҷро дароянд, то ба ҳол тӯл мекашад.

Сергей Лавров ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки бо рӯзноманигорон сӯҳбат мекарданд, нагуфтанд, ки ин санадҳои муҳим миёни ду шарики стратегӣ кай ба имзо хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG