Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон ба қирғизҳо товон медиҳад


Сокинони Сӯхи Узбакистон мошини шаҳрванди Қирғизистонро чаппа кардаанд

Сокинони Сӯхи Узбакистон мошини шаҳрванди Қирғизистонро чаппа кардаанд

Расонаҳои Қирғизистон гузориш медиҳанд, ки Узбакистон пардохти ҷуброн ба баъзе шаҳрвандони Қирғизистонро, ки дар хушунатҳои моҳи равон дар ноҳияи Сӯх хасорот бардоштаанд, оғоз намудааст. Рӯзи сешанбе сухангӯйи вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Нурҷигит Қодирбеков тасдиқ кард, ки Узбакистон пардохти ҷубронро шурӯъ намудааст. 5 ва 6-уми январ сокинони ноҳияи Сӯх хатти интиқоли барқ ба як посгоҳи нави марзбонони қирғизро тахриб намуда, бо мақомоти қирғиз ҷанҷол намуданд. Баъд аз он сокинони Сӯх тахминан 40 шаҳрванди Қирғизистонро тӯли як рӯз дар гарав нигаҳ доштанд. Расонаҳои қирғизӣ навиштаанд, ки Узбакистон ба хотири моншинҳои тахрибшубаи қирғизҳо муодили 29600 доллар товон супурда, мошинҳои боқимондаро ба мақомоти Қирғизистон таслим намудааст. Аз замони нооромиҳои ахир марзҳои ноҳияи Сӯхи Узбакистон, ки ҷазира-қаламрави дар дохили хоки Қирғизистон аст, баста мебошанд.
XS
SM
MD
LG